Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба таври бесобиқа боло рафтааст. Ахиран дар биржаи Ню Йорк як бушка нафт бо қимати 87 доллару 61 сент фурӯхта шудааст. Ва аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки ин қимати ниҳоӣ нест ва дар наздиктарин фурсат қимати нафт то ба 100 доллар барои як бушка хоҳад расид.

Зимни баррасии сабабҳои афзоиши қимати нафт коршиносон ба чанд нукта ишора мекунанд, аз ҷумла ба афзоиши талабот ва коҳиши тавлидоту содироти нафт, имкони амалиёти низомии неруҳои Туркия дар шимоли Ироқ – манотиқи саршор аз ин маводи сӯхт, идомаи ҷанг дар Ироқ, пойин рафтани қурби доллар ва аз сӯи ҳукуматҳои Венесуэла ва Русия таҳти назорат қарор додани ширкатҳои бузурги нафтӣ. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки рушди иқтисодиёт дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла дар Чин, талабот ба нафтро афзоиш додааст.

Семен Новопрудский, таҳлилгари иқтисодӣ ва муовини сардабири нашрияи “Время новостей”, чопи Маскав, дар ин робита гуфт, баъд аз ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 интизор мерафт, ки рушди иқтисод дар иддае аз кишварҳо мутаваққиф шавад, аммо, ғайриинтизор, дар кишварҳои зиёде рушди чашмгири иқтисодӣ ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ ба ҳам омадани омилҳои ҷаҳониву геополитикӣ, болоравии рушди иқтисодӣ ва нооромиҳои минтақаӣ боиси болоравии қимати нафт шудааст.

Зимнан, ҳафтаи гузашта ОПЕК – Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт дархости тавлиду содироти бештари нафтро рад кард. Дар нишасти ин созмон дар Вена тасмим гирифта шуд, ки тавлиди нафт ҳамагӣ рӯзе то 500 ҳазор бушка афзоиш дода шавад. Дабири Кулли ОПЕК Абдулло Ал Бадрӣ Салом гуфт, ки созмон ба болоравии қимати нафт манфиатдор аст. Вай болоравии қимати нафтро кори дасти корчаллонҳои бозори нафт хонд.

Бунгоҳи байнулмилалии энерҷӣ - як ниҳоди машваратии кишварҳои пешрафтаи саноатии олам ҳафтаи гузашта эълом дошт, ки тибқи пешгӯиҳо, соли оянда талабот ба нафт дар ҷаҳон 2,4 дар сад боло рафта то 88 миллион бушка дар як рӯз хоҳад расид. Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, ин пешгӯӣ низ ба болоравии қимати нафт такон бахшидааст.

XS
SM
MD
LG