Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди нишасти Доҳа: Нафт уфтоду рубл поён рафт


Танзи Сергей Елкин
Танзи Сергей Елкин

Дар пайи нокомии нишасти кишварҳои содиркунандаи нафт дар Доҳа нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва қурби рубл дар биржаи Маскав башиддат пойин рафт.

Рӯзи 18 апрел, дар пайи нокомии нишасти 18 кишвари содиркунандаи нафт дар Доҳа, пойтахти Қатар нархи нафти хом дар бозорҳои қораи Осиё наздики 5 дарсад коҳиш ёфт. Ҳамин тавр қурби рубли Русия дар биржаи Маскав низ рӯзи душанбе рӯ ба поён овардааст.

Нархи як бушка нафти навъи Брент барои қарордодҳои моҳи июн алакай субҳи барвақти 18 апрел 4,3 дарсад пойин рафт ва ба 41 доллару 23 сент расид. Соати нӯҳи субҳ нархи як бушкаи нафти Брент дар бозори Лондон аз 41 доллар ҳамин пойин омад ва 40 доллару 98 сент шуд. Рӯзи ҷумла нархи як бушкаи нафти хоми Брент 43 доллару 10 сенти амрикоӣ буд.

Питер Ли, таҳлилгари масоили нафту газ дар ширкати таҳқиқотии BMI Research ба хабаргузории Франс Пресс ҳушдор дод, ки нокомии нишасти Доҳа метавонад нархи нафтро то 15 дарсад коҳиш биёбад. Ба ақидаи ӯ, “ончӣ рӯшан шуд, ин аст ки ОПЕК (Иттиҳодияи кишварҳои содиркунандаи нафт) дигар таъйинкунандаи асосии нархи нафт нест.”

Кишварҳои умдаи содиркунандаи нафт дар Доҳа тавофуқашон дар мавриди то моҳи октябр аз сатҳи феълиаш боло набурдани ҳаҷми тавлидот ба хотири пешгирӣ аз уфти идомадори нархи нафтро баҳс карданд. Аммо Александр Новак, вазири энержии Русия рӯзи 17 апрел дар поёни ин нишаст дар пойтахти Қатар гуфт, Маскав дар мавриди расидан ба тавофуқ дар масъалаи қатъи афзоиши ҳаҷми тавлидоти нафт ба далели “баҳсҳои гарм” дар анҷумани Доҳа ва “мавқеи Эрон” зиёд хушбин нест.

Эрон, ки низ узви Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт аст, дар анҷумани Доҳа ширкат накард. Теҳрон мегӯяд, то замони ба ҳаҷми то эълони таҳримоти байналмилалӣ расондани ҳаҷми тавлидоти нафташ тавлид ва содироти ин навъи маводи сӯхтро маҳдуд карданӣ нест.

Таҳримоти байналмилалие, ки ба далели барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш алайҳи Эрон ҷорӣ шуда буд, ҳоло бар асоси тавофуқи Теҳрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ бардошта шудааст ва ба дунбол, Эрон мехоҳад тавлидоти нафташро дар рӯз ба 1 миллион бушка бирасонад.

Арабистони Саудӣ, як тавлидкунандаи асосии нафти дунё, дар нишасти Доҳа ба ин мавқеъ пойфишорӣ кардааст, ки бояд ҳамаи кишварҳои тавлидкунанда шарти коҳиши тавлидотро бипазиранд.

Русияву Венесуэла аз шумули кишварҳои нафтие буданд, ки ба далели кам шудани фоидаҳои қаблан ҳангуфташон аз фурӯши нафт ба мунҷамид кардани ҳаҷми тавлидоти он дар сатҳи кунунӣ пойфишорӣ мекарданд. Дар нишасти Доҳа 18 кишвар ширкат доштанд, вале Эрон аз иштирок дар ин анҷуман даст кашид.

Александр Новак
Александр Новак

Александр Новак, вазири энержии Русия гуфт, то субҳи 17 апрел ҳанӯз умед ба расидан ба тавофуқ дар масъалаи ҳаҷми тавлидоти нафт вуҷуд дошт, вале дар давоми баҳсҳои рӯзи якшанбе, ки 12 соат тӯл кашид, бархе кишварҳои узви ОПЕК ғайриинтизор шарт гузоштанд, ки бояд ҳамаи кишварҳо шарти боло набурдани ҳаҷми тавлидотро риоя кунанд.

Ҳоло дар рӯз дар саросари дунё 88 миллион бушка нафт тавлид мешавад. 35 дарсади тавлидоти нафти дунёро 13 кишвари узви ОПЕК таъмин мекунанд.

Нархи як бушка нафт дар миёнаҳои соли 2014 беш аз 100 доллар буд. Қариб 3 маротиба афтодани нархи он дар камтар аз ду соли охир мунҷар ба миллиардҳо доллар хисорот ба будҷаи кишварҳои тавлидкунандаи нафт – сар карда аз Нигерияву Венесуэла то Русия, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои халиҷи Форс шудааст.

Аммо нокомии нишасти Доҳа бахусус Русияро дар ростои мушкилоти сахт қарор медиҳад. Иқтисоди ин кишвар бе ин ҳам ба далели таҳримҳои байналмилалии алайҳаш эълоншуда дар вазъи мушкиле қарор дошт ва идомаи уфти нархи нафт метавонад вазъашро боз ҳам сахттар кунад.

Қурби рубл – пули миллии Русия – тайи ду моҳи охир асосан бо шарофати як каме ба худ омадани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба суботи нисбие даст ёфта, дар ҳадди 66-67 рубл барои як доллар шино мекард. Аммо алакай рӯзи 18 апрел, билофосила баъди нашри хабари нокомии нишасти Доҳа, қурби доллар дар бозори Маскав якбора 2,27 рубл боло рафт ва ба 68,71 рубл баробар шуд. Қурби евро низ 2,63 рубл афзуда, ба 77,58 рубл барои як евро расид.

Максим Коровин, таҳлилгари ширкати “ВТБ Капитал” ба хабаргузории ТАСС гуфт, “ба эҳтимоли ғолиб, дар ояндаи наздик бозорҳоро навмедӣ фаро хоҳад гирифт. Ин метавонад боиси як андоза кам шудани фоидаҳо бо рубли русӣ шавад.”

XS
SM
MD
LG