Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти амниятии тоҷик мегӯянд, ки сӯзонда шудани овезаҳо ва харитаи Тоҷикистон дар мактаби шумораи 44-и ноҳияи Рашт дар чанд рӯзи пеш, ҷанбаи сиёсӣ ва динӣ надошта ва дар заминаи хусумати шахсӣ ва оилавӣ сар задааст.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 23 апрел бо нашри як изҳорот ҳодисаеро, ки шаби 17 ба 18 апрел дар мактаби шумораи 44 ноҳияи Раштро расман шарҳ додааст.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки ҳодисаи оташ задани овеза ва харитаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар мактаби шумораи 44-и ноҳия Рашт дар чанд рӯзи пеш ҷанбаи сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ ва ифротгароӣ надошта ва дар заминаи хусумати шахсӣ ва оилавӣ сар задааст.

Бино бар ин изҳорот, "кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ муайян намуданд, ки дар ҳодисаи зикрёфта 2 нафар ноболиғ хонандагони мактаби миёнаи №44 Раҳимов Неъматулло Умарович, соли таваллудаш 2000-ум ва писарамакаш Раҳимов Хуршед Муродхоҷаевич, соли таваллудаш 1999 даст доранд. Бино бар нишондоди моиндари Раҳимов Хуршед-Акрамова Зарифамоҳ, писараш мубталои бемории руҳӣ буда, тақрибан 2 сол пеш, аз беэҳтиётӣ як қисми манзили зисташонро сӯзонидааст."

Дар идомаи ин изҳорот гуфта мешавад, ки "17-уми апрел моиндари Раҳимов Хуршед, ки фарроши мактаб мебошад, бо нияти рафтан ба меҳмонӣ, калиди муассисаро ба фарзандаш медиҳад ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки бегоҳ, баъди анҷоми дарсҳо дари мактабро маҳкам кунад. Раҳимов Хуршед аз беназоратии волидайн ва муаллимон истифода бурда, ҳамроҳ бо Раҳимов Неъматулло, тақрибан соатҳои аз 23-24.00 ба мактаби миёнаи № 44 медароянд. Мутобиқи нишондоди худи ноболиғон, онҳо аз тарс дар торикии долони мактаб ашёҳои таълимиро оташ гиронда, роҳро равшан намуданд. Баъди баланд шудани аланга, бо мақсади хомӯш кардан ба болои он харитаи собиқ Иттиҳоди Шӯравиро мепартоянд. Вале бинобар сабаби кушта натавонистани оташ, Раҳимов Хуршед ва Раҳимов Неъматулло онро бо пойҳояшон хомӯш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд."

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороти муштараки худ мегӯянд, ки ин афрод "ҳамчунин, харитаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷамоати мазкурро қисман оташ зада, ба омӯзгорон мактуби беимзои таҳдидомезро гузоштаанд”.ва айни замон дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда ва тафтишот идома дорад. Дар изҳороти Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ишора ба изҳори назари сокинони минтақа ва коршиносон, ки аз номаи дарёфтшудаи таҳдидомез бармеояд,омадааст, ки "гузориши иғвоангези Радиои Озодӣ тасдиқ нашудааст". Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ ба нақл аз раиси деҳаи Камароби минтақаи Рашт Раҳматҷон Салимов хабар дода буд, ки шаби 18 аб 19 апрел як гуруҳ вориди мактаби 44 шуда, харита ва "газетаҳои деворӣ"-ро пора кардаанд ва инчунин номаи таҳдидомезе барои муаллимаҳо ва мудири мактаб гузоштаанд. Ба қавли ӯ, номанависон гуфтаанд, ин таҳдиди охирин аст ва агар муаллимаҳо ба фаъолияташон дар мактаб хотима набахшанд, ҷазои сахт - қатл дар интизорашон аст.

Ҳамзамон дар гузориши Радиои Озодӣ гуфта мешуд, ки сокинони дигар ва коршиносон ангезаи мазҳабӣ ё сиёсӣ доштани ин воқеаро рад карда буданд. Ва ҳамчунин гуфта мешуд: "Таҳдиди қатли муаллимаҳои як мактаб дар минтақаи Рашти Тоҷикистон, ки сокинонаш “мазҳабӣ” дониста мешаванд, зуд таваҷҷӯҳи расонаҳо ва ҷомеаи кишварро ба худ ҷалб кард. Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки мақомоти маорифи минтақаи Рашт мегӯянд, солҳои охир занону духтарони минтақа дар кору таҳсил фаъолтар шудаанд. Зумрад Лоиқова -- муовини раиси ноҳияи Рашт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз миёни беш аз ҳазор омӯзгор дар ин минтақа 302 муаллима ба хонандаҳо дарс мегӯянд. “Хушбахтона, ҳоло дар мо дигар монеагузориҳо нест. Духтарони зиёди мо дарс мехонанд, ҳатто барои квота ҷанг аст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG