Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, бо сабаби хуб будани боду ҳаво ва гарм омадани фасли тирамоҳ ҳанӯз дар кишвар лимит ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ нашудааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳанӯз масъалаи ҷорӣ шудани маҳудудияти барқ дар миён нест. Ҷаноби Ёдгорӣ афзуд: “ба кор даровардани НБО-и “Сангтуда-1” ва “Сангтуда-2”, ба истифода додани як қатор НБО-ҳои хурд, ҳамзамон бо назардошти он ки рӯзҳои наздик ҷамъияти саҳҳомии навъи кушодаи Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии Душанбе-2 ба истифода дода мешавад, то имрӯз лимити барқ ҷорӣ нашудааст”. Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, бо назардошти он ки вазъияти таъминот бо барқ беҳтар шудааст, сокинон бе ягон маҳдудият аз неруи барқ истифода мекунанд.

Аммо ба гуфтаи сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик", лимит дар Тоҷикистон ногузир аст, зеро захираҳои обӣ-энергетикӣ барои тирамоҳу зимистон кофӣ нест. Ба гуфтаи ӯ дар ҳолати ҷорӣ шудани лимити барқ дар кишвар як ҳафта қабл тавассути ВАО мардумро огоҳ хоҳанд кард.

Бо вуҷуди он ки масъулони "Барқи тоҷик" то ҳол ҷорӣ шудани лимити барқро тасдиқ намекунанд, вале рад намекнанд, ки мардуми кишвар зимистони имсоларо ҳам чун солҳои пеш дар торикиву сардӣ гузаронанд. Ин дар ҳолест, ки муасиссаи боду ҳавошиносӣ зимистони имсоларо нисбатан сард пешгӯи кардааст.

Ба таъхир андохтани лимити интиқоли барқро баъзе манобеъи огоҳ ба интихоботи қарибулвуқуъи раиси ҷумҳурӣ рабт медиҳанд.

Маҳдуд кардани интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилиест, ки ҳамасола бо оғоз шудани фасли сармо мардуми ин кишварро дунболагир аст. Аз маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон ҳарчанд, ки ҳамаи мардум шикоят мекунанд, вале бештар сокинони хонаҳои баландошиёна азият мекашанд.

Раҳоӣ аз буҳрони энергетикӣ яке аз се ҳадафи стротегии давлати Тоҷикистон буда, бунёди нирӯгҳҳо ягона роҳи расидан ба ин ҳадаф номида мешавад. Аммо тавре мушоҳида мешавад, афзун шудани қарзи Тоҷикистон сармоягузорони умдаи бахши энержиаш - Эрон ва Русияро дилсард кардааст ва онҳо зоҳиран моили сармоягузории бештар дар ин ришта нестанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ширкати «Барқи тоҷик» эътироф кард, ки танҳо аз ду нерӯгоҳе, ки бо сармояи хориҷӣ бунёд шудаанд, ҳудуди 100 миллион доллар қарздор аст.

Русия ҳудуди чор сол боз барои сармоягузорӣ ба бунёди се нерӯгоҳи хурд дар Тоҷикистон ваъда медиҳад, аммо то ба ҳол аз ваъда ба амал нагузаштааст. Қарор буд, Эрон низ бунёди нерӯгоҳи Айниро дар рӯдхонаи Зарафшон моҳи майи соли ҷорӣ оғоз кунад. Аммо тавре як манбаъи аршад дар сафорати Эрон ба шарти набурдани номаш ба Озодӣ гуфта буд, далели ба таъхир афтодани оғози сохтмони ин нерӯгоҳ низ қарздории Тоҷикистон дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аст, ки бо сармояи Эрон бунёд шудааст.

Ба гуфти таҳлилгарон қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳи “Сангтӯда- 2” ба 25 миллион доллар расидааст ва ин қарз ҳар моҳ ҳудуди 1,5 миллион доллар зиёд мешавад. Ин дар ҳолест ки ҷониби Эрон ният дошт, қисме аз ин маблағро ба тармиму таҷдиди нақби “Истиқлол“ ва боқимондро барои шурӯъи сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ сарф кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG