Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

21 триллион доллар дар ҳисобҳои оффшор


Ҷазираҳои Вирҷиния як макони аслии ҳифзи сармояҳои оффшор дар ҷаҳон аст

Ҷазираҳои Вирҷиния як макони аслии ҳифзи сармояҳои оффшор дар ҷаҳон аст

Шабакаи азими журналистони ҷаҳон исми 130 ҳазор нафарро аз 170 кишвар фош кардааст, ки дар нигаҳдошти пулҳояшон дар минтақаи оффшор гумонбар мешаванд.

Анҷумани байналмилалии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ (Consortium of Investigative Journalists - ICIJ), ки як шабакаи азими хабарнигорони мустақар дар Вашингтон аст, журналистони 60 кишвар, ғолибан расонаҳои бонуфузи байналмилалиро муттаҳид мекунад. Дар миёни соҳибони сурат-ҳисобҳои хориҷӣ ҳамсари муовини нахуствазири Русия Игор Сечин, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва ҳамсару духтарҳои ӯ номбар мешаванд.

Майкл Ҳудзон, сардабири ICIJ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷараёни таҳқиқот талош карданд бо ҳамсари Игор Шувалов сӯҳбат кунанд, вале натиҷа надод:

  • Ҳамсари Игор Шувалов дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё ширкат дорад. Мо талош кардем, ки бо ӯ дар тамос шуда, назари ӯро бифаҳмем. Вай аз сӯҳбат худдорӣ кард. Мо намедонем, ки ин ширкат чӣ мекунад. Вақте нафаре сармояе дар оффшор дорад, ҳанӯз ба он маъно нест, ки он барои кадом кори баде истифода мешавад. Масъала танҳо дар саволҳои марбут ба шаффофияти фаъолияти он аст: яъне чаро онҳо ин ширкатро ташкил кардаанд? Кадом навъи тиҷоратро ба роҳ мондаанд? Оё барои фаъолияти ин ширкати оффшор сармоя аз ватани онҳо ворид мешавад? Ин ҳамон саволҳоест, ки мо медиҳем ва баробар бо он, назари масъулини бахши молиёт ва сохторҳои ҳифзи тартиботро ба ин қазияҳо дар саросари ҷаҳон суол мекунем, - гуфт Майкл Ҳудзон.

Дар робита бо дороиҳои хонаводаи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сардабири Анҷумани байналмилалии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ гуфт, хонаводаи ӯ соҳиби ҳадди аққал се ширкат дар ҷазираҳои Вирҷиния мебошад. Вай гуфт, соли 2008 бо номи духтарҳои Илҳом Алиев дар ин ҷазираҳо се ширкат таъсис ёфт ва он замон ин духтарҳо 19 ва 23-сола буданд.



Созмони журналистон мегӯяд, ки ҳудудан 2,5 миллион санаде дар ихтиёр дорад, ки шабакаҳои махфии дастрасӣ ба сурат-ҳисобҳои махфиву дороиҳои шахсиятҳои сарватманди ҷаҳонро фош мекунад. Ба ҳисоби собиқ иқтисодшиноси аршади ширкати McKinsey & Company ҳисоб кардааст, ки беш аз 21 триллион доллар метавонад дар ҳисобҳои оффшори хориҷӣ нигоҳдорӣ шавад.

Дар идомаи рӯз ин матлаб бо маълумоти бештар такмил мешавад

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG