Пайвандҳои дастрасӣ

Имкони барҳам хӯрдани «лимит» ё худ реҷаи интиқоли нерӯи барқ дар минтақаи Кӯлоб вуҷуд дорад. Ҳадди ақал ба гуфтаи масъулонаш.

Мирзо Исмоилов, сардори идораи шабакаҳои барқӣ дар минтақаи Кӯлоб мегўяд, аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ бо дарназардошти зиёд шудани сатҳи оби обанбори Норак, афзоиши истеҳсоли нерўи барқ дар нерўгоҳи Сангтӯдаи 1 ва 2 имкони барҳам додани «лимит»-и барқ барои сокинон имконпазир аст. Ў мегўяд, вазъи таъмини барқ сол то сол беҳ мешавад, мисле ки соли гузашта як моҳ дертар маҳдудияти нерўи барқ ҷорӣ ва боз як моҳ пештар бардошта шуд.

Ў гуфт: «Аз як миллион киловат соат нерўи барқ зиёдтар барои сокинон кифоя ҳаст. Фақат, кормандони шабакаҳои барқии Кўлоб назоратро бояд ҷиддитар баранд. Иншоолоҳ, бовар дорам, ки барқ пурра басандагӣ мекунад. Ман фикр мекунам, ки сол то сол вазъ беҳбудӣ ёфтааст ва боз хубтар мешавад.»

Ҳоло таъмини барқи доимӣ дар фасли зимистон ба орзуи ҳар як сокини Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ҳар сол дар Тоҷикистон сар аз моҳи октябр то моҳи апрел, 7 моҳ маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Дар минтақаи Кӯлоб сокинон аз 8 то 12 соат аз нерӯи барқ маҳрум мешаванд.




Бархе сокинон аз ваъдаи доимӣ шудани нерўи барқ хушҳоланд, аммо бархеи дигар ба ин бовар надоранд. Абдураҳмон Ғайратов, сокини кӯҳансоли шаҳри Кӯлоб мегўяд, соли аввал нест, ки ваъдаи доимӣ шудан ё зиёдтар шудани «лимит»-и нерӯи барқро мешунавад, аммо ҳеҷ нест, ки ин ваъда ба воқеият табдил ёбад: «Ҳамин хел ваъда ҳаст, ки барқ доимӣ мешавад. Лекин халқи тоҷики моро Худо медонад, ки ваъдаашро вафо кунад. Ваъда ҳар сол ҳаст, лекин амал нест.»

Аммо Нуралӣ Муродалиев, сокини дигари Кӯлоб мегӯяд, ба доимӣ шудани нерўи барқ бовар надорад, вале бовар дорад, ки «лимит»-и истифодабарии барқ сол то сол бештар мешавад: «Сол ба сол бовар дорам, ки хуб мешавад. Ҳоло бубинед, ки имсол ҳатман чор панҷ соат тақсимот зиёд мешавад. Лекин ҳоло ба доимӣ шудани барқ бовар надорам, зеро зўри Тоҷикистон ба ин намерасад.»

Масъулини Идораи шабакаҳои барқ мегӯянд, дар як шабонарӯз сокинони Кӯлоб наздики 2 миллион киловат соат нерӯи барқ масраф мекунанд. Тасмим аст, дар манзили сокинони ду ноҳияи бузургтарини минтақа, Восеъ ва Ҳамадонӣ 6 ҳазор ҳисобкунакҳои ройгони барқии муосир насб кунанд, ки ба гуфтаи масъулин ин истеъмоли барқро сарфа мекунад. Ваъдаи эҳтимолии доимӣ шудани нерӯи барқ дар минтақаи Кӯлоб дар ҳолест, ки ҳар зимистон сокинон аз ин ҳисоб ранҷ доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG