Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримаҳои қонуни танзим имсол ба давлат ним миллион сомонӣ овардааст


Мақомоти Тоҷикистон тайи 9 моҳи гузашта аз онҳое, ки бар хилофи қонуни баҳсбарангез дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, маросимҳои бошукӯҳ баргузор кардаанд, бештар аз 100 ҳазор доллар ҷарима ситонидаанд.

Бино ба омори расмӣ, мақомоти интизомӣ дар ин муддат барои беэътиноӣ ба ин қонун 224 парвандаи маъмурӣ боз кардаанд ва соҳибони чунин ҷашнҳоро 576 ҳазору 760 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Азизулло Мирзоев, сардори раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кумитаи дин, дар сӯҳбате бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” изҳори нигаронӣ кардааст, ки бо вуҷуди гузашти 6 сол аз қабули қонун иддае аз шаҳрвандони кишвар, бинобар таасуб ва одатҳои қадима, ҳамчунон ҷашну маросимҳое баргузор мекунанд, ки бар асоси ин санад мамнӯъ аст.

Отамурод Бекмуродов, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, зимни гуфтугӯ бо “Ҷумҳурият” намуна овардааст, ки ҳанӯз ҳам маросимҳои манъшудаи фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, чойгаштак, қудоталбон аз байн нарафтааст.

“Ҷумҳурият” навиштааст, айни чизро дар дигар навоҳии Тоҷикистон дидан мумкин аст ва афзудааст, дар ҷануби кишвар бар хилофи Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, то ба ҳол иддае аз маросимҳои дафну азодорӣ ба мисли “оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ” даст накашидаанд. Ба гуфтаи муаллиф, ин зуҳуроти номатлуб низ ба назар мерасад, ки “соҳибони майит бо дастуру ҳидояти баъзе ходимони дин барои меҳмонони ба маросими дафну азодорӣ омада хӯроки махсус тайёр мекунанд.”

Ҷамолиддин Хомӯшев, сармутахассиси раёсати фатвои Маркази исломӣ, дар сӯҳбат бо “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки исрофу зиёдаравӣ дар Ислом мазаммат шудааст ва ба мардум тавсия додааст, ба ҷойи маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот, дар бунёди муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, боғчаи кӯдакон, роҳу пулҳо ва ба табақаҳои ниёзманд кӯмак кунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2007 қонун дар бораи танзими анъана ва расму ойинро қабул кард, ки ҷомеаи маданӣ онро дахолат ба зиндагии хусусӣ хонда ва гуфтанд, ки ин қонунро худи мақомоти баландпоя риоя намекунанд. Ин қонун аз ҷумла шумори иштирокчиёни тӯю маъракаҳои мардумро то 140 нафар ва соати баргузории ин маъракаҳоро бо 3 соат маҳдуд мекунад. Барои онҳое ки дар тӯю худоиҳо ба исроф роҳ медиҳанд, то 800 сомонӣ ҷарима таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG