Пайвандҳои дастрасӣ

Ожонсӣ: Алайҳи Илолов парванда боз нашудааст


Мамадшо Илолов.

Мамадшо Илолов.

Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ки алайҳи Мамадшо Илолов, собиқ президенти Академияи улуми кишвар ягон парванда боз нашудааст.

Дафтари матуботии оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 23-юми декабр овозаҳо дар мавриди боз шудани парванда алайҳи Мамадшо Илолов, собиқ раиси Академияи илмҳои Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, ки феълан гурӯҳи кормандони оҷонсии зидди фасод фаъолияти се соли ахири академияро баррасӣ доранд.

Ожонсии зидди фасод идомаи тафтиши баҳси тақсими манзилҳо дар Академияи илмҳоро рад накард, вале вуҷуди парванда алайҳи шахси раиси пешини ин ниҳод Мамадшо Илоловро комилан беасос номид.

Яке аз наздикони Мамадшо Илолов низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари тафтишоти пешакии фаъолиятҳои ҷаноби Илолов аз тарафи ожонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро рад кард. Ба гуфтаи наздиконаш, Илолов баъди барканориаш дар мақоми раҳбари Маркази инноватсионии Академияи улум фаъолият дорад.

Ин ҳама гуфтугузорҳо дар пайи шикояти дастаҷамъонаи кормандони Академияи илмҳо ба миён омадааст. Дар шикояти кормандони Академияи илмҳо гуфта мешуд, ки барои тақсими манзилҳои зист барои кормандони академияи илмҳо масъулон даст ба фасод задаанд. Тафтиши ин қазия боиси боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Музаффар Мамадназаров, ноиби раиси Академияи илмҳо гардид.

Тӯл кашидани тафтиши фаъолиятҳои Фарҳангистони улум боиси сар задану сарусадоҳои зиёд дар бораи эҳтимоли ба масъулият кашондани президенти собиқи ин ниҳоди илмӣ Мамадшо Илолов шудааст. Барканории ӯ аз мақом дар таърихи 6 декабр ба оташи ин сарусадоҳо равғани бештар рехт. Бознашри мақолаи хабаргузории "Азия плюс" таҳти унвони «Фасодкорӣ дар академияи илмҳо» (аз 6-уми декабр) дар сомонаи хабаргузории давлатии «Ховар» дар таърихи рӯзи 20-уми декабр низ шакку гумонҳо дар бораи сарнавишти раҳбари собиқи Академияи улуми Тоҷикистонро бештар кардааст.

Дар маҳофил мегӯянд, Мамадшо Илолов, ки зодаи Бадахшон аст, дар тобистони соли 2012 амалиёти зидди нирӯҳои мусаллаҳи худсар дар шаҳри Хоруғро тарафдорӣ накард ва як сабаби батадриҷ ба ҳошия ронда шуданаш ҳамин мавзеъи ӯ нисбат ба амалиёти Хоруғ буд.

Бар илова, ҳафтае пеш Мамадшо Илолов ҳамроҳи бо 3 шахсияти дигари маъруфи Тоҷикистон - Гулрухсор, Мӯъмин Қаноат ва Мӯсо Диноршоев - бо ирсоли як мактуби саркушода аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостанд, то ба қазияи соҳибкори шинохта Зайд Саидов дахолат ва ӯо озод кунад.

Таҳлилгарон ҳам ҳадс мезананд, ки эҳтимол дорад, нисбати Илолов дар пайи ин мактуби дастаҷамъӣ фишорҳое сурат гирифтаанд. Аммо наздикони Илолов ҳама гуна фишорҳоро алайҳи ӯ рад мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG