Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ боз ҳам Тоҷикистонро фақиртарин кишвари Осиё Марказӣ номидааст.

Фурӯшандаи як дӯкони хурди хӯрокворӣ дар деҳаи Кӯлиҳавоии атрофии Душанбе, Рафеъ Солиев, аз он ошуфта аст, ки моҳҳои охир ҳарчӣ бештари моли худро ба тариқи насия мефурӯшад. Вай мегӯяд, насия ҳамеша буд, аммо акнун ба маротиб афзудааст: «Ман дар мағозаам як журнали калон дорам. Ҳамон дар як сол пур шудааст алакай. Дар ин журнал ман номи мардумеро, ки бо қарз ягон чиз мехаранд аз мағозаи ман, навишта мекунам. Занҳо меоянд ва мегӯянд, ки дар хона ҷизе нест, кӯдакҳо гуруснаанд ва ягон хӯроквориро то аз Русия пул фиристодани шавҳарҳояшон қарз мепурсанд. Ноилоҷ қарз медиҳам, дилам месӯзад, ҳарчанд ки қарзи бисёр ҳам гардиши молро мекушад.»

Баъзе аз ҳампешагони Солиев дар даромадгоҳи дӯкони худ лавҳаеро овехтаанд, ки ҳеҷ гуна моли онҳо ба таври нася фурӯхта намешавад.




Агар аз рӯйи дафтари харҷу дахли Солиев ба вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон баҳо дода шавад, метавон гуфт, буҳрон идома дорад. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар панҷ соли охир вазъро хеле беҳтар ва шумораи камбағалонро хеле камтар кардаанд. Шиор ва арқоме, ки онҳо меоранд, то андозае боварибахшанд, аммо ахиран Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, Тоҷикистон ҳамоно камбағалтарини кишвари Осиёи Марказист.

Дар ин раддабандӣ омадааст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ё ММД ба сари ҳар шахси он дар як сол 860 долларро ташкил медиҳад ва аз ин лиҳоз Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҷаҳон ҷои 142-юмро касб кардааст.
Наздиктарин ҳамсоя ва кишвари аз бисёр ҷиҳат монанд ба Тоҷикистон Қирғизистон низ дар ин раддабандӣ аз Тоҷикистон пеш аст ва ҳаҷми ММД-и ин кишвар бар сари аҳолӣ 990 долларро ташкил додааст.

Аммо дар ҳамин ҳол, мувофиқи омори расмӣ мизони камбизоатӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қирғизистон расман ҳудуди 38 дарсадро ташкил мекунад. Ҳарчанд ки аз рӯи нишондоди ММД бар сари аҳолӣ даромади Қирғизистон аз Тоҷикистон 130 доллар бештар аст.


Хоҷимуҳаммад Умаров

Хоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, мизони расмии камбизоатӣ дар Тоҷикистон воқеиятро бозгӯ намекунад ва ба ҳамин далел ҳангоми қиёси вазъ миёни ду кишвар чунин тазод бармало мешавад: «Мавзӯъи мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон бисёр хандаовар шудааст. Як замон 42 дарсад мегӯянд, яквақт 32 дарсад ва гоҳи дигар 34 дарсад баъзан 38 дарсад мегӯянд мизони камбизоатиро. Дар вохӯрӣ бо муллоҳо президент эълон кард, ки миқдори камбизоатҳо 200 ҳазор боқӣ мондааст. Инҳо сару калобаи ҳисобу китобро гум кардаанд ва ҳамон рақамеро мегӯянд, ки ба мақсади сиёсии онҳо мувофиқат мекунад.»

Ҷаноби Умаров афзуд, он арқоме ки созмонҳои байналмилалӣ низ дар бораи Тоҷикистон нашр мекунанд, сарчашмаашон Оҷонсии омори Тоҷикистон аст ва бинобар ин ба онҳо низ намешавад пурра эътимод кард.

Биноан чанд соли охир мақомоти расмии Тоҷикистон аз коҳиши мизони камбизоатӣ ва афзоши ММД дохилӣ гузориш медиҳанд.


Умеди Давлатзод

Умеди Давлатзод

Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, омори сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳои Бонки ҷаҳонӣ ҳисоб ва муайян шуда мизони он дақиқ аст: «Сатҳи камбизоатӣ дар аввали солӣ ҷорӣ мувофиқи ҳисобҳо 38, 3 дарсадро ташкил мекунад. Ба ин табақаи аҳолӣ он нафароне дохил мешаванд, ки даромадашон ба ҳар аъзои оила дар як рӯз аз 2 доллару 15 сенти амрикоӣ камтар аст.»

Ҷаноби Давлатзод афзуд, камбизоатӣ ҷиҳатҳои эҳсосиву равонӣ низ дорад ва аз ҳар шахси алоҳида низ вобаста аст, ки худро нодор меҳисобад ё миёнҳол. Ба таъкиди Давлатзод, тӯли панҷ соли охир мизони камбизотӣ дар Тоҷикистон тадриҷан коҳиш меёбад ва ин ҳақиқатест, ки касе наметавонад инкор кунад.

Тибқи барномаи миллии Тоҷикистон, сатҳи камбизоатӣ то соли 2015 бояд то 32 дарсад коҳиш ёфта, дарсади синфи миёнаи кишвар то 30 дарсад афзоиш ёбад. Аммо коршиносон мегӯянд, чунин барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон бар пояи ёриҳои байналмилалӣ ва афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон сохта шуда, иҷрояш чандон воқеӣ ба назар намерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG