Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Исландия аз рафтори бомбаандозҳои русӣ


"Туполев" яке аз бомбандозҳои пешрафтаи русӣ ба ҳисоб меравад.
"Туполев" яке аз бомбандозҳои пешрафтаи русӣ ба ҳисоб меравад.

Мақомоти Исландия гуфтанд, парвози ноаёни ҳавопаймои ҷангии Русия аз зери як ҳавопаймои мусофирбари он кишвар мояи нигаронӣ аст. Вазорати умури хориҷии Исландия рӯзи 26-уми сентябр бо нашри баёнияе гуфт, ҳавопаймои бомбаандози Туполёв рӯзи 22-уми сентябр тақрибан 1800 то 2700 метр поинтар аз ҳавопаймои мусофирбари исландӣ парвоз карда ва мавҷгирҳояшро хомуш кардааст, то барои радарҳои ғайринизомӣ аён набошад. Ҳавопаймо аз шаҳри Рейкявик ба Стокҳолм парвоз доштааст. Халабони ҳавопаймои исландӣ бомбаандози русиро дар берун дида ва гуфтааст, ки ҳаракати он хатарнок аст. Вазорати умури хориҷии Исландия ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки онҳо “ба сабаби хатари парвози ҳавопаймоҳои беаломати русӣ ба ҳавопаймоҳои мусофирбар” мухолифати худро баён кардаанд ва дар оянда ҳам мекунанд. Айни ҳодиса имсол дар минтақаи Балкан сабт шуд. Алексей Шадский, як дипломати рус дар Рейкявик гуфтааст, бомбаандозҳо бо риояти тамоми муқаррароти байналмилалӣ парвоз мекунанд. Ба қавли ӯ Исландия мехоҳад, бо нишон додани “эҳёи тарс” аз Русия барои боз кардани пойгоҳи амрикоӣ дар Кефлавик замина фароҳам созад. Ин пойгоҳро Амрико соли 2006 баст. Дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ва Ҷанги сард, Кефлавик як пойгоҳи муҳим барои Амрико буд, аммо баъд аз ин аҳамияташро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG