Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Ҷанг барои Лашкаргоҳ


Ҷанг барои Лашкаргоҳи Ҳилманд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Гузориши видеоӣ инҷост

Нерӯҳои давлатии Афғонистон муқовимат ба ҷангҷӯёни Толибонро идома медиҳанд, ки талош доранд, вилояти Ҳилманд дар ҷануби ин кишварро ишғол кунанд.

Маркази вилоят - шаҳри Лашкаргоҳ - ҳоло дар муҳосираи Толибон қарор дорад, ҳарчанд мақомот ва пешвоёни маҳаллаҳо дар бораи авзоъ дар инҷо гузоришҳои зидду нақизе медиҳанд.

Фармондеҳони артиши Афғонистон мегӯянд, авзоъ ҳоло ором шудааст ва сарбозони афғон ҷанг бо Толибонро дар ноҳияи Нодалӣ дар наздикии Лашкаргоҳ идома медиҳанд ва манотиқи муҳимро аз дасти онҳо бозпас гирифтаанд. Вале мақомоти шаҳри муҳосирашуда аз ояндаи Лашкаргоҳ хушбин нестанд.

Душман аз мо 500-600 метр дуртар аст ва мо то кунун минтақаҳои муҳимро аз онҳо бозпас гирифтем.
Башируллоҳ, сарбози афғон

Башируллоҳ, як сарбози афғон, гуфт, "душман аз мо 500-600 метр дуртар аст ва мо то кунун минтақаҳои муҳимро аз онҳо бозпас гирифтем. Онҳо баъзан ба мо тир меандозанд, вале зиёд нигарон нестем ва мо инҷо ҳастем, то онҳоро ақиб ронем."

Толибон, ки соли 2001 дар амалиёти ба раҳбарии Амрико сарнагун шуданд, аз ҳамон сол то кунун ҷангро дар Лашкаргоҳ бас накардаанд ва мехоҳанд, онро ба пойтахти худ табдил диҳанд. Ҷангҳо вазъи зиндагии мардумро дар ноҳияи Нодалӣ бисёр бад кардааст.

Нисор Аҳмад, як сокини Нодалӣ, гуфт, "дар ин минтақа ҷангҳои сахт идома доранд. Ба сабаби ҳамин ҷангҳо занону кӯдакон аз хона берун омада наметавонанд, ҳамаашон гурусна ҳастанд ва ба ғизо эҳтиёҷ доранд."

Толибон моҳи октябри соли гузашта шаҳри Кундуз дар марзи Тоҷикистонро барои муддати кӯтоҳе ишғол карда ва мояи нигаронии ҳукумати кишвар шуданд. Ҳукумати Афғонистон дар моҳҳои гузашта ба мубориза бо ҷангҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар шарқи кишвар таваҷҷӯҳ кардааст. Ҷангу даргириҳо дар атрофи Лашкаргоҳ сабаби фирори садҳо нафар аз хонаҳояшон шудааст.

XS
SM
MD
LG