Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мушовири ёрдамчии президент ба 5 соли ҳабс маҳкум шудааст


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар мурофиаи паси дарҳои баста як корманди собиқи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистонро ба панҷ сол зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мушовири Бахши ёрдамчии дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Ҳасан Раҷабовро ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст. Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ӯро бо гумони фасод ва ришват Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ таҳқиқ мекард ва мурофиа паси дарҳои баста ҷараён ёфтааст.

Як манбаъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон ба шарти он, ки номаш ифшо нашавад, рӯзи 6 август ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи Исмоили Сомони дар охирҳои ҳафтаи гузашта мушовири Бахши ёрдамчии дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Ҳасан Раҷабовро барои “аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул” ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст. Манбаъи дигар аз ниҳодҳои додгоҳӣ мегӯяд, ҳукми додгоҳ содир шуд, вале ҳанӯз мавриди иҷро қарор нагирифтааст ва вакилони маҳкумшуда ба бозбинӣ шудани парванда бовар доранд.

Парвандаи Ҳасан Раҷабов тайи як моҳи ахир аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баррасӣ шуда бо моддаи 319 “аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қимматнок, молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор”баррасӣ шуда дар авоири моҳи июл ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол гаштааст. Вале то ҳанӯз додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба таври расмӣ аз ҳукми худ дар мавриди Ҳасан Раҷабов иттилоъ надодааст. Масъулони додгоҳ хабари баргузории мурофиаро на тасдиқ карданд ва на рад.

Ҳасан Раҷабов -- мушовири Бахши ёрдамчии дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ бо иттиҳоми ришваситонӣ аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар авоили моҳи июн дар утоқи кориаш боздошт шуда, бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул” парванда боз шуда тафтишот пеш бурда шудааст. Бино бар маълумоти бархе аз манбаъҳои огоҳ чанде аз раисони собиқи ноҳияҳо зимни пажӯҳиши ин парванда бозпурсӣ шудаанд.

Аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон то ҳоло ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст. Раҷабов 21 феврали соли 2014 дар Бахши ёрдамчиёни президенти Тоҷикистон ба кор таъин шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG