Пайвандҳои дастрасӣ

“Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, бо нашри як матлаб аъзои ҳизби мухолифи наҳзати исломиро ба даст доштан дар амалҳои террористӣ айбдор кардааст.

“Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, дар як матлаб ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро “як бахш”-и ҳаракати мамнӯи “Ихвонулмуслимин”-и Миср номида, аъзои ин ҳизби мухолифро ба даст доштан дар амалҳои террористӣ гунаҳкор кардааст.

Дар ин матлаб, ки рӯзи 29 май бо номи “Наҳзат аз террористон пуштибонӣ дорад?” аз номи Алишери Зиёратулло чоп шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад, пешвоёни наҳзати имрӯза барои фиреби назарҳо ҷелаки бобоиро бо галстуку костюм иваз намуданд ва ҳамеша аз озодию демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар арзишҳои мутааллиқи сохти дунявӣ ҳарф мезананд. Алалхусус дар назди насли ҷавон. Он ҷое, ки шуурҳо ҳанӯз пухта нарасидаанд ва осон метавонанд зери таъсири як шахси чарбзабон қарор гирифта, шефтаи суханпардозиҳои ӯ гарданд ва фардо таҳти ҳидоятҳои ин «пирони тариқату тадбир» ҳар куҷо, ки фармон шуд, раҳсипор гарданд.”

Ба ақидаи муаллиф, ҳизби наҳзати исломӣ танҳо ба як хотир “гӯл задани мардум, хусусан ҷавонон ва ба худ ҷалб кардани онҳо” сифати “исломӣ”-ро ба номи худ “часпондааст” ва “то ҷойе наҳзат тавонистааст, ки дар ин самт комёб ҳам гардад.” Ӯ аз ҷумла аз Комил Шукуров ном сокини ноҳияи Спитамен ёдовар мешавад, ки баъди бозгашташ аз Сурия худро аз тариқи телевизион узви ҲНИТ эълон карда буд.

Саидумар Ҳусайнӣ.

Саидумар Ҳусайнӣ.

Муаллиф як ҳушдори муовини раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайниро, ки гуфта буд, дар сурати бастани ҳизб бархе аъзояш метавонанд ба гурӯҳҳои тундраве, мисли “Давлати исломӣ” (ДИИШ) бигароянд, гашта ба даҳони ин ҳизб мезанад ва менависад, “пайравони ҲНИТ низ мисли ихвониҳо чандин бор даст доштанашон дар амалиёти террористӣ ошкор шуда буд. Ширкати наҳзатиҳоро дар амалҳои террористии давраи осоишта дар Ғарм, Хоруғ, Хуҷанд ва Исфара ҳама дар хотир дорад. Дар бораи иштироки наҳзатиҳои тоҷик дар низоъҳои ваҳшиёнаи мазҳабӣ дар Сурия ва Ироқ аз тарафи ДИИШ чандин далелҳо ошкор шуданд.”

Боз як матлаби дигар алайҳи ҲНИТ дар нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле чоп шуд, ки бино ба гузориши дафтари матбуоти ҳизб, рӯзи 1 июн Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалии Ҳайит – муовинони раиси ҲНИТ шикояти расмии ин ташаккули сиёсӣ аз “беамалӣ”-и ниҳодҳои интизомии кишварро ба Додгоҳи олӣ супурданд.

Дар ин шикоят мавридҳои фишору қонуншиканиҳои мақомот нисбат ба аъзову ҳаводорони ҲНИТ, бо фишор маҷбур кардани онҳо барои хуруҷ аз сафи ин ҳизб зикр шуда, ҳамчунин гуфта мешавад, ки бо вуҷуди муроҷиат, то кунун мақомоти додситонии кул, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шикоятҳои онҳо дар мӯҳлати таъйинкардаи қонун расидагӣ накардаанд ва посухи расмие ҳам ба ҳизб то ҳол надодаанд.

ҲНИТ дар шикояташ аз Додгоҳи олӣ хостааст, то он шахсони мансабдореро, ки нисбат ба шикоятҳои қаблии ин ҳизб “беамалӣ” нишон додаанд, ба иҷрои сари вақти вазифаҳои хидматиашон водор сохта, алайҳи он мансабдороне, ки дар маъракаи фишору таъқиб алайҳи ҲНИТ даст доранд, парвандаҳои ҷиноӣ бикушоянд.

ҲНИТ баъд аз интихоботи порлумонии соли 2010, ки бо касби қариб 9 дарсади оро баъди ҳизби ҳокими халқии демократии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷои дувумро гирифт, пайваста аз фишору таъқиби мақомот шикоят мекунад. ҲНИТ шумори аъзояшро ҳудуди 45 ҳазор нафар мегӯяд, вале ин ҳизб дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон барои бори нахуст натавонист ягон вакилашро вориди Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон кунад.

Баъди ин маърака дар м атбуоти расмӣ матлабҳои зидди наҳзат, аз ҷумла бо талаби бастани он ваё ҳазфи сифати “исломӣ” аз номи ҲНИТ, бештар шуд ва шӯъбаҳои ин ҳизб низ аз манотиқи мухталиф гузориш медиҳанд, ки гӯё мақомоти маҳаллӣ аъзои ҲНИТ-ро бо фишор маҷбур мекунанд, ки ин созмонро тарк кунанд.

Худи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ҳам баъди интихоботи 1 март ба хориҷ рафтааст ва қариб 3 моҳ боз дар Тоҷикистон нест. Аммо мақомоти Тоҷикистон вуҷуди кадом маъракаи барномарезишудаи фишору таъқиби аъзои ҲНИТ-ро рад мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG