Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарии СПАД аз Тоҷикистон ба Арманистон гузашт


Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргисян, руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Арманистон бо Николай Бордюжа, котиби генералии созмони СПАД сӯҳбати сегона анҷом доданд.

Дар сӯҳбати сегона миёни Эмомалӣ Раҳмон, Серж Саргися ва дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, Тоҷикистон расман раҳбарии СПАД-ро ба Арманистон супурд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон мӯҳлати раҳбарияти СПАД-ро муваффақона ба анҷом расонд ва ҳамакнун навбати раҳбарии ин созмон ба ҷумҳурии Арманистон интиқол меёбад. Оқои Раҳмон афзуд, тӯли раҳбарии Тоҷикистон бори аввал озмоиши фаврии нерӯҳои зудамали СПАД дар қаламрави Тоҷикистон баргузор шуд, ки он хеле муваффақона буд.

Серж Саргисян, президенти Арманистон гуфт, озмоиши фаврияти кори нерӯҳои СПАД дар Тоҷикистон собит кард, ки нерӯҳои ин созмон омодаанд ҳамагуна таҳдидҳоро ба кишварҳои узви созмон зуд бартараф кунанд. Дар идомаи сӯҳбат президенти Арманистон афзуд, “дар ҷаласаи мазкур созиш ҳосил шуд, ки марзҳои ҷанубии созмон, яъне марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тақвият дода шавад.”

Саргисян ҳамчунин гуфт, дар давраи раҳбарии кишвараш дар СПАД Арманистон ният дорад, муборизаро бо ҳар гуна зуҳуроти қавмгароӣ, фашизм ва ҷиноятҳои кибернетикӣ тақвият бубахшад.

Нишасти сарони СПАД дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00

Дар поёни ҳамоиш Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД гуфт, раҳбарони кишварҳои узви созмон ба қароре расиданд, ки дар оинномаи СПАД то моҳи октябр тағийрот ворид намоянд. Аммо нагуфт, ки ин тағйирот аз чӣ иборат аст ва кадом масоилро дар бар мегирад. Чун хабарнигорон имкони суол додан надоштанд, маълум нашуд, ки чӣ тағйиротҳоро дар назар дорад.

Имрӯз дар Душанбе нишасти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ баргузор шуд, ки дар он раисиҷумҳурони Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок карданд.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ як ташкилоти низомиву сиёсӣ бар асоси Паймони амнияти дастҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомиланд. Узбакистон дар соли 1999, дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико СПД-ро тарк кард.

XS
SM
MD
LG