Пайвандҳои дастрасӣ

Имзо додан ба номзади дигар магар ҷиноят аст?


Имзоварақа ба тарафдорӣ аз Бобоназарова

Имзоварақа ба тарафдорӣ аз Бобоназарова

Тарафдорони номзади ягонаи мухолифин мегӯянд, мардумро ҳатто аз имзо додан ба пуштибонӣ аз Ойниҳол Бобоназарова тарс додаанд.

Ҳоло дар Душанбе қиссаи Ҳамида Носирова, як узви фаъоли ҳизби наҳзати исломӣ вирди забонҳост, ки бо талаби имзо ба тарафдорӣ аз Ойниҳол Бобоназарова ҳатто ба дари манзили раисиҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон рафтааст. Ба муҳофизони бино ӯ гуфтааст, ки Раҳмон ва ҳамсари ӯ шаҳрвандони ҳамин кишваранд ва шояд аз Бобоназарова пуштибонӣ кунанд. Посбонҳо ва маъмурони амният танҳо бо ин далел, ки соҳибони хона ҳузур надоранд, Ҳамида Носироваро бо иззати тамом рухсат додаанд.

Аммо гурӯҳҳои ташаббускори номзад ба мақоми президентӣ аз Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) ва ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Ойниҳол Бобоназарова мегӯянд, дар аксари маворид муносибат ба онҳо комилан баръакс аст. Ба гуфтаи онҳо, бисёре аз мардум аз гузоштани имзо ба тарафдории ин номзад дар варақаҳои интихоботӣ ҳарос доранд. Онҳо мегӯянд, бархе мехоҳанд, дар варақаҳои интихоботӣ имзо гузоранд, аммо метарсанд, ки ин амал ба кору зиндагиашон хатар эҷод мекунад.



Шоираи Муҳаммад, як узви гурӯҳи ташаббускори ҲНИТ мегӯяд, вақте барои ҷамъоварии имзо дари мардумро мекӯбад, бархе бо шунидани номи Ойниҳол Бобоназарова ва ҲНИТ ин даъватро бо тарс қабул мекунанд ва мегӯянд, ки аз оқибати кор хавотир ҳастанд ва метарсанд, ки дар сурати гузоштани имзо ба онҳо ё хонаводаашон осебе нарасад.

Ба гуфтаи хонум Шоира, бархе ҳатто гумон мекунанд, ки ин амалашон ҷиноят аст ва шояд онҳоро боздошт кунанд. Шоира гуфт: «Онҳо мегӯянд, нашавад, ки баъд омада моро боздошт кунанд, саволу ҷавоб кунанд. Онҳо фикр мекунанд, ки онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашанд ва ба номзади дигар овоз додан ҷиноят аст. Ба андешаи онҳо фақат як номзад вуҷуд дорад.»

Як сокини шаҳри Душанбе, ки худро Марҳабо муаррифӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, иттилоъ ёфтани сардораш аз омадани гурӯҳи ташаббускори Ойниҳол Бобоназарова ба назди ӯ боиси эҷоди мушкилот дар коргоҳаш шудааст. Марҳабо гуфт, «раис маро хеле коҳиш кард ва гуфт, бо ин амал номам метавонад дар рӯйхати сиёҳ ҷой гирад ва мавриди таҳдиду фишор қарор гирам». Аммо Марҳабо гуфт, ки ҳарчанд хавфи аз даст додани ҷойи кор ба ӯ таҳдид мекард, ба варақа имзо гузоштааст, зеро ҷонибдори дигаргунӣ дар ҷомеа мебошад.

Раҳматуллоҳи Раҷаб

Раҳматуллоҳи Раҷаб

Раҳматуллои Раҷаб, сардори шӯъбаи интихоботи ҲНИТ бар ин назар аст, ки дар раванди ҷамъоварии имзоҳо мақомот ба мардум фишору таҳдидҳо кардаанд ва чунин муносибат боиси он шудааст, ки мардум дар гузоштани имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова эҳсоси тарс кунанд. Раҳматуллои Раҷаб гуфт, онҳо ин ҳама қонуншикании мақомотро дар чанд саҳифа гирдоварӣ кардаанд, ки он ба мақомоти масъул пешниҳод хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар чанд ҷамоату маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳо раисони маҳаллаҳоро аз гузоштани имзо ба ҷонибдории номзади ҲНИТ боздоштаанд ва онҳоро тарс додаанд: «Дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Масчоҳ раиси маҳалла хона ба хона гашта, занҳоро тарсондааст, ки агар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон имзо нагузоред, шаваҳрҳоятон ба дини масеҳӣ мегараванд ва дигар ба наздатон барнамегарданд. Ё дар деҳаи Гулбутта, кӯчаи Калтакдорони сурх баъди гирифтани имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова раиси ҷамоат ба хонаи шаҳрвандон омада, гуфтааст, ки чаро барои Бобоназарова имзо гузоштед?»

Раҳматуллоҳи Раҷаб мегӯяд, бештар мардумро бо он тарс медиҳанд, ки агар ба тарафдории номзади ҲНИТ овоз диҳед, ҳаводиси соли 90-уми асри гузашта такрор мешаванд.

Аммо Маҳмудҷон Қосимов, узви гурӯҳи ташаббускори ИНИТ бар ин назар аст, ки ҳаводиси ахире, ки алайҳи аъзои ҲНИТ анҷом дода шуданд, ба ҳолати равонии мардум беасар намондааст. Маҳмудҷон Қосимов мегӯяд, «нӯҳ нафарро барои ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова ба шӯъбаи корҳои дохилӣ гирифта бурданд. Бародари Ойниҳол Бобоназароваро тавре аз миёни мардум мебаранд, ки онҳо бинанду худашон хулоса бароранд, ки бубинед, мо чӣ қадар зӯр ҳастем ва чӣ коре хоҳем, мекунем.»

Ба андешаи ҷаноби Қосимов, барномаҳои телевизионӣ, ки алайҳи аъзои ин ҳизб намоиш дода мешаванд, низ бетаъсир намемонанд. Ӯ меафзояд, аз ҷониби дигар аъзои гурӯҳи ташаббускор ҳам кафолат дода наметавонад, ки имзоҳои дар варақаҳои интихоботӣ ҷамъовардашуда сабабгори вуруди ин ашхос ба «рӯйхати сиёҳ» намешавад.

Ахиран Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ низ ба маъмурони полис дастур дод, ки ба раванди ҷамъоварии имзоҳо дахолат накунанд ва фаъолияташонро дар асоси талаботи қонун ба роҳ монанд. Мухолифин мегӯянд, ин фармон худ далелест, ки дахолати мақомоти интизомӣ дар раванди интихоботро собит мекунад. Бо вуҷуди ҳушдори вазири дохила ба кормандонаш, дар ситоди Ойниҳол Бобоназарова мегӯянд, ба иллати ин мониагузориҳо онҳо алакай фурсати зиёдеро аз даст доданд.

Худи Ойниҳол Бобоназарова дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки баъди ин ҳама саддгузориҳои мақомот дигар эътимодаш барои дар мӯҳлати муайяншуда ҷамъ овардани дастикам 210 000 имзои лозим коҳиш ёфтааст. Хонум Бобоназарова ба ин далел эҳтимоли пас кашидани номзадиаш аз ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябрро истисно намекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG