Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии 21 созмон аз эҳтимоли қонунӣ шудани "облава" дар Тоҷикистон


Хушнуд Исомиддинов, сокини вилояти Суғд, ки баҳори соли гузашта ҳангоми фирор аз "облава" дасту пояшро шикаста буд
Хушнуд Исомиддинов, сокини вилояти Суғд, ки баҳори соли гузашта ҳангоми фирор аз "облава" дасту пояшро шикаста буд

Созмонҳои дохилӣ ва хориҷӣ мегӯянд, тарҳи нави қонун дар бораи "ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" дар сурати тасвиб шуданаш "облава"-ро дар Тоҷикистон қонунӣ хоҳад кард. Иддаое, ки мақомот қабул надоранд.

21 созмони мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар рӯзи 3 март бо пахши изҳороте аз тарҳи нави қонун дар бораи "ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" дар Тоҷикистон нигаронӣ карданд. Дар миёни ин созмонҳо Human Rights Matter дар Олмон, Гурӯҳи Ҳелсинкӣ дар Маскав, Созмони мусоидати байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар дар Брюссел ва Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва Перспектива+ дар Тоҷикистон низ ҳастанд.

Ба иддаои ин созмонҳо, лоиҳаи нави қонун дар бораи "ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" дар сурати ба шакли ҳозирааш тасвиб шудан "облава" ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмати ҳарбиро қонунӣ хоҳад кард.

Лоиҳаи нави қонун дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ бо дастури ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳи вижаи корӣ 6 моҳи пеш таҳия ва ҳоло расман дар торнамои вазорати адлия нашр шудааст.

Созмонҳои ҳуқуқи башар бо нигаронӣ аз муаллифони лоиҳа даъват кардаанд, қисми 5-уми моддаи 36-и онро тағйир диҳанд. Дар қисми 5-и моддаи 36-и лоиҳаи қонуни мазкур гуфта шудааст: “Дар ҳолати рад кардани гирифтани огоҳномаи даъват аз ҷониби даъватшаванда, падар ё модар, аъзои ба балоғатрасидаи оила ва ё бе сабабҳои ҷиддӣ дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир нашудани даъватшаванда ба маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, таъмини ҳозиркунии ӯ ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси муроҷиати хаттии комиссариати ҳарбӣ гузошта мешавад.”

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова, масъули созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", мегӯяд, бар асоси қонун даъватшаванда бояд бо имзои худ даъватнома барои хидматро қабул кунад ва наздикони ӯ ҳақ доранд, даъватномаро қабул накунанд. Самадова мегӯяд, меъёре, ки дар лоиҳаи нав пешбинӣ шудааст, ба Қонуни асосӣ ва паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ мухолифат дорад.

“Дар моддаи 19-и Сарқонун ва моддаи 9-и паймони байналмилалӣ гуфта шудааст, бе асоси қонунӣ шаҳрванд набояд боздошт шавад. Қонунгузории феълӣ дастгир кардани даъватшавандаҳоро пешбинӣ кардааст, аммо танҳо дар сурате, ки агар вай ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноятӣ содир карда, аз хизмати ҳарбӣ даст кашида бошад. Дар ин лоиҳа 2 нукта бояд тағйир дода шавад. Якум падар ё модар ва дигар аъзои ба балоғатрасидаи оила набояд вазифадор шаванд, ки даъватномаро аз номи даъватшаванда қабул кунанд. Ва дигар ҳамин калимаи “таъмин”-и ҳозиркунии даъватшаванда бояд аз моддаи 36 гирифта шавад",-гуфт масъули "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ".

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз ин ки тарҳи нави қонун дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбии Тоҷикистон, ки бе ҳузури намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шудааст, низ эътироз карданд.

Саттор Холов
Саттор Холов

​Аммо Саттор Холов -- муовини раиси кумитаи амният ва дифои парлумони гузашта, гуфт, ҳанӯз ҷое барои нигаронӣ вуҷуд надорад. Зеро ба қавли ӯ, "ин фақат як лоиҳаи қонун аст. Дар сурати барои баррасӣ пешниҳод шуданаш ба парлумон паҳлӯҳои мусбат ва манфияшро хоҳанд дид. Агар ин лоиҳа ба Қонуни асосӣ мухолифат дошта бошад, ё мебардорнад ва ё шакли дурусттарашро хоҳанд гузошт."

Улмас Пиров, ки шомили гурӯҳи кории машғул ба таҳияи лоиҳаи нави қонуни ӯҳдадориҳои ҳарбӣ будааст, низ гуфт, ҳадаф аз таҳияи ин лоиҳа ҳалли мушкилотест, ки дар рафти даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ҷой дошт. “Ҳадаф бартараф кардани он меъёрҳои қонуние, ки бо қонунҳои дигар мухолифат дошт. Ин барои беҳбудии ҷомеа ва шаҳрвандон аст. Ҳамагуна пешниҳодҳо, агар ба манфиати кор аст, дар ин лоиҳа ба назар гирифта мешавад”,-таъкид кард ӯ.

“Облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонони синни даъватӣ ба артиш аз масоилест, ки ҳамеша мавриди интиқоди созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар қарор мегирад. Дар мавсими даъват ба артиш ҳам ҳамин шеваи сафарбарсозии маҷбурии ҷавонон ба хизмат дар артиш боис мешавад, ки аксари даъватшавандаҳо аз кишвар ба муҳоҷират фирор мекунанд ё худро ба донишгоҳҳо бизананд.

Соли гузашта раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам ду бор ба қонуншиканиҳо ҳангоми даъват ба сафи артиш таваҷҷӯҳ карда, масъулинро вазифадор карда буд, то аз усулҳои ғайриқонунӣ истифода набаранд.

XS
SM
MD
LG