Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамаркуз дар корзори интихоботи оянда: Сулҳу суботу низоми дунявӣ


Мушовирони САҲА баъди арзёбии фазои пешазинтихоботии Тоҷикистон, ба ин созмони мӯътабар тавсия додаанд, ки нозиронашро барои мушоҳидаиинтихоботи порлумонии оянда ба Тоҷикистон бифристад.

Мушовирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо баъди гуфтӯгу бо мақомоти ҳукумат, Комиссия марказии интихобот, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва хабарнигорон ва дипломатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба ин натиҷа расидаанд, ки зарурати фиристодани нозирони байналмилалӣ ба интихобот вуҷуд дорад, то онҳо бубинанд, ки оё давлати Тоҷикистон бар тибқи аҳдҳои додааш ба ҷомеаи байналмилал, интихоботи озоду шаффофу демократӣ баргузор мекунад?

Ричард Лапин, мушовири аршади интихоботӣ, Алексей Громов, мушовири интихоботӣ ва Мария Черюпина, намояндаи Шӯрои Порлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо рӯзҳои 27 ва 29-уми октябр ба Тоҷикистон сафар карданд, то бубинанд, ки эҳтиёҷе ба назорати интихоботии порлумонии кишвар вуҷуд дорад, ё не. Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо рӯзи 25 ноябр ин арзёбии мушовиронашро нашр кард ва нусхаеро ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ фиристод.

Дар ин арзёбӣ омадааст, ки бо назардошти тарки Афғонистон кардани нерӯҳои Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ ва эҳтимоли зиёд шудани нооромӣ, мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, ки “корзори интихоботӣ орому муназзам сурат бигирад.” Интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон моҳи феврали соли оянда сурат мегирад ва чаҳорумин интихоботи порлумон баъд аз хотимаи ҷанги хунини шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Мушовирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар арзёбиашон гуфтаанд, мақомоти Тоҷикистон моҳи март ва апрел Қонун дар бораи интихоботи порлумониро ислоҳ карда ва онро дар умум ба тавсияҳои пешинаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мувофиқ сохтанд. Аз ҷумла бар асоси ислоҳот ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ камтар аст, дасти мақомот барои дахолат дар корзори интихоботӣ кутоҳтар мешавад ва муқаррароти раъйдиҳиро низ осонтар кардаанд.

Аммо ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои дигари нозирони байналмилалии интихоботӣ ба мисли маҳдудият дар пешбарии номзадҳо, ҳузури нозирони мустақил дар ҷараёни раъйдиҳиро нодида гирифтааст ва ҳамингуна дархости аҳзоби сиёсӣ барои ҳузури баробари намояндагони ҳизбҳо дар ҳайатии кумиссиёнҳои интихоботӣ рад шудааст.

Дар Тоҷикистон онҳое ҳақ доранд, ки номзадиашонро ба мақоми вакилӣ пешниҳод кунанд, ки бештар аз 25-сол ва таҳсилоти олӣ доранд, забони тоҷикиро хуб медонанд ва тайи 5 соли ахир шаҳрванди кишвар будаанд. Нозирони байналмилалӣ аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, ки ингуна маҳдудиятҳоро аз байн бардоранд.

Мақомоти Тоҷикистон интизор доштаанд, ки дар корзори интихоботӣ номзадҳо ба курсии вакилӣ ба “сулҳу субот, низоми дунявии кишвар, беҳбуд ёфтани вазъи иҷтимоии мардум” тамаркуз мекунанд. Мақомот ҳамчунин интизор доштаанд, ки дар интихобот мардум фаъолона ширкат мекунанд, вале ба гуфтаи дигар мусоҳибони мушовирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бетаваҷӯҳии мардум ба сиёсату масоили сиёсӣ назар ба гузашта зиёдтар мешавад.

Дар интихоботи пешини Маҷлиси намояндагон дар соли 2010 Ҳизби халқии демократӣ, ҳизби ҳоким ба раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳисоби 63 курсии палатаи поёнии порлумон, 45 курсиро ба даст овард. Бақияро ба аҳзоби дигар ба мисли Ҳизби наҳзати ислом, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби коммунист “доданд”.

Нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо то кунун панҷ интихоботи Тоҷикистонро назорат карда ва гуфтаанд, ки ҳамаи интихоботҳо, аз ҷумла интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2010 мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва демократӣ сурат нагирифтаанд. Ҳоло моҳи феврали соли 2015 бист нозири дарозмуддат ва 150 нозири кӯтоҳмуддат аз созмони мазкур дигарбора ба Тоҷикистон меоянд, ки бубинанд, ҳамон вазъи чаҳор соли пеш такрор мешавад ва ё ин дафъа интихоботи Тоҷикистон бо риояти адлу инсоф ва озоду демократӣ сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG