Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар бораи фарқи байни дорову нодор ва Эрону Афғонистон


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар паёми солонааш аз “пешниҳодҳои мушаххасу амалӣ”-е сӯҳбат кард, ки бояд фосилаи байни қишрҳои дорову нодорро коҳиш диҳад.

Барак Обама дар паёми солонааш, ки шаби 28 январ ироа кард, аз ҷумла гуфт, ба хотири густариши имконоти синфи миёна аз тадбирҳое кор хоҳад гирифт, ки бидуни муроҷиат ба Конгресс ба иҷро гузошта хоҳанд шуд.

Обама гуфт: “Имрӯз, баъди 4 соли рушди иқтисодӣ, фоидаи ширкатҳо ва қимати саҳмияҳо дар бозор ба таври нодир боло рафтаанд ва онҳо ҳоло дар сатҳи ба таври бесобиқа баланд қарор доранд. Аммо сатҳи маоши миёна ҳамон боқӣ мондааст. Нобаробарӣ амиқтар мешавад. Шумори зиёди амрикоиҳо назар ба ҳар вақти дигар бештар кор мекунанд, то рӯзгорашонро пеш баранд. Ва шумори хеле зиёди мардум то ҳол умуман ҷои кор надоранд.”

Раисиҷумҳури Амрико афзуд, ӯ барои ҳамкорӣ бо вакилони Конгресс ба хотири таҳкими рушди иқтисолдӣ аз тариқи тақвият ва густариши имконоти амрикоиҳои марбут ба синфи миёна омода буд, вале Обама бо ишора ба баҳсҳои тӯлонии масоили будҷа дар Конгресс гуфт: “Амрико дар як ҷо намеистад, ман инро холҳам ё нахоҳам. Ва хоҳ-нохоҳ ман метавонам ба хотири густариши имконот барои хонаводаҳои бештари амрикоӣ бидуни муроҷиат ба қонунгузорон иқдомҳое рӯи даст бигирам. Ва ин чизест, ки ман хоҳам кард.”

Паёми солонаи Обама аз оғози корзори интихоботи миёндавраии Конгресс аломат дод, интихоботе ки бояд то чанд моҳи дигар барпо шавад. Ҳизби демократи Барак Обама ба хотири таъмини пирӯзӣ бар ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки ҳомии қишри доро маҳсуб мешавад, ба Обама фишор овард, то рӯи мавзӯъи нобаробарии иқтисодӣ тамаркуз кунад.

Дар посух вакили ҷумҳурихоҳ Кафӣ МакМорис Роҷерс гуфт, дар натиҷаи сиёсатҳои Обама “шумори зиёди амрикоиҳо аз ҷустуҷӯи ҷои кор дасту дил шустанд.” Роҷерс афзуд, “раисиҷумҳур дар бораи нобаробарӣ ҳарфи зиёд зад. Вале фосилаи воқеъие, ки имрӯз мо дучор шудаем, нобаробарии имкониятҳост. Ва бо ин сиёсатҳои маъмурияти феълӣ ин фосила торафт бузургтар мешавад. Мо мебинем, ки ин фосила ҳар рӯз зиёдтар шуда истодааст.”

Ба гуфтаи коршиносон, як мавзӯъи асосии паёми Обама дар қисмати сиёсати байналмилалӣ Эрон буд. Обама гуфт, рӯи тасмими Конгресс ҷиҳати роҳандозии таҳримоти бештар алайҳи Эрон дар моҳҳои оянда вето гузошт, то ки ба талошҳои дипломатӣ барои ҳалли баҳси ҳастаӣ бо Эрон имкони амал дода шавад.

Обама дар мавзӯъи Афғонистон гуфт, як нирӯи хурди Амри кову НАТО баъд аз соли 2014 низ дар ин кишвар хоҳад монд, вале дар сурате ки раиси он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай паймони амниятӣ бо Вошингтонро, ки музокироташ чанд сол боз идома дорад, имзо кунад. Вале Обама ваъда кард, ки дар поёни соли равон анҷоми ҷаенги 12-солаи Амрикову муттаҳидонаш дар Афғонистонро эълон хоҳад кард. Ӯ гуфт, ҳар нирӯи Амрико, ки баъди соли 2014 дар Афғонистон мемонад, машғули тамрину тарбия ва кумак ба нирӯҳои амниятии Афғонистон ва амалиётҳои зиддитеррористӣ алайҳи боқимондаҳои шабакаи Ал-Қоида хоҳад шуд.

Дениэл Сервер, профессори низоъшинос дар Мактаби омӯзишҳои байналмилалии Ҷон Ҳопкинс мегӯяд, ин баёнияҳо аз талоши таҳияи сиёсати нави хориҷии Амрико баъди солиёни ҷангу ҷӯш дарак медиҳад. Ӯ меафзояд, “шумо инҷо мебинед, ки Амрико талош дорад, то худашро эҳё кунад. Он худашро тоза мекунад ва талош кунад, аз нав барқарор шавад, иқтисодашро қавӣ гардонад, нирӯҳои низомиашро дубора пурқувват кунад ва барои ҳалли мушкилот дар саросари ҷаҳон ҳаддалимкон роҳҳои дипломатиро истифода барад.” Ин таҳлилгар мегӯяд, муҳимтарин бардошти ӯ аз паёми имсолаи Обама ҳамин буд.
XS
SM
MD
LG