Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама дар праймеризҳои демократҳо дар иёлоти Вирҷиния ва Мэрилэнд ва ҳамчунин, пойтахт – Вашингтон пирӯз шуд.

Ҳамин гуна, танҳо дар як ҳафтаи ахир Барак Обама дар ҳашт иёлати дигар ғолиб гардид. Ҳамин гуна, шумори иёлатҳое, ки Барак Обамаро номзад ба мақоми президентӣ аз ҷониби ҳизби демократҳо дидан мехоҳанд, ба 21 расид. Ҳарифи ӯ, хонум Клинтон дар 12 чунин иёлат пирӯз шудааст. Ва аммо фарқ миёни теъдоди вукалои тарафдор миёни ду номзади демократҳо хеле кам аст: Обама = 1.187 ва Клинтон = 1.180. Шумориши ороъи ҳанӯз идома дорад.

Ҷумҳурихоҳонро ба эҳтимоли зиёд Ҷон Маккейн дар интихоботи президентии моҳи ноябр намояндагӣ хоҳад кард. Сенатор аз иёлати Аризона, ҷаноби Маккейн дар интихоботчаҳои рӯзи сешанбе дар ҳар сеи иёлатҳои Вирҷиния, Мэрилэнд ва Вашингтон пирӯз шуд.

Бархе аз ҷумҳурихоҳон аз Майк Ҳакебӣ - рақиби сенатор Маккейн даъват доранд, то мубориза барои номзадиро қатъ бикунад, то дар суфуфи ҳизб ихтилоле ба вуҷуд наояд. Вале ҷаноби Ҳакебӣ ҳанӯз дар сар чунин фикр надорад, ӯ умед бар ихтилофоти бархе аз ҳамҳизбонаш ба ақоиди либеролии сенатор Маккейн мебандад.

Праймеризҳои оянда моҳи март дар иёлатҳои Оҳайо ва Техас баргузор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG