Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Ҳилларӣ Клинтон дар Ню Ҳемпшир


Ҳилларӣ Клинтон, номзади ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико
Ҳилларӣ Клинтон, номзади ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико

Дар интихоботи муқаддамотии раисҷумҳури ИМА дар иёлати Ню Ҳемпшир, Ҳ.Клинтони демократ ва Ҷ.Маккейни ҷумҳурихоҳ пирӯз шуданд.

Назарпурсии раъйдиҳандагон дар назди ҳавзаҳои интихоботии ин иёлат нишон додааст, ки дар байни номзадҳои ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтон 40 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст ва рақиби аслии ӯ аз ин ҳизб – Барак Обама 36 дарсади ороро соҳиб шудааст.

Дар миёни номзадҳои ҷумҳурихоҳ сенатор Ҷон Маккейн бо касби 37 дарсади овозҳо дастболо шудааст. Аз рақиби ҳамҳизби ӯ - Митта Ромни танҳо 28 дарсади раъйдиҳандагон ҷонибдорӣ кардаанд.

Шумориши баргаҳои интихоботи муқаддамотӣ дар иёлати Ню Ҳемпшир ҳануз идома дорад ва то ҳол беш аз 53 дарсади онҳо шумурда шудааст.

Дар ИМА давраи муқаддамотии интихоботӣ барои таъини номзади ягонаи ҳизбҳо ба мақоми раисҷумҳур ҳудуди 10 моҳ пеш аз интихоботи аслӣ дар сатҳи иёлатҳо сурат мегирад. Танҳо ғолибони аслии ин давра дар интихоботи раисҷумҳури ИМА, ки имсол дар моҳи ноябр баргузор хоҳад шуд, ширкат хоҳанд намуд.

Дар интихоботи муқаддамотӣ дар иёлати Айова, ки якчанд рӯз қабл баргузор шуд, миёни ҷумҳурихоҳон Майк Ҳакебӣ – собиқ волии иёлати Арканзас ва дар байни демократҳо сенатор аз Иллинойс - Барак Обама пирӯз шуданд

Ҳарчанд натоиҷи интихоботи муқаддамотӣ дар Ню Ҳемпшир ғолибони ниҳоиро мушаххас намекунад, вале анъанаи интихоботҳо дар Амрико нишон медиҳад, ки раъйдиҳии ин иёлат дар таъини номзадҳои аслӣ ба мақоми раисҷумҳур нақши муҳим мебозад.

XS
SM
MD
LG