Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ромни пирӯзии Обамаро дар интихоботи президентӣ табрик гуфт


Барак Обама барои чаҳор соли дигар президенти ИМА интихоб шуд.

Барак Обама, рақибаш аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, Митт Ромниро шикаст дода ва бори дуввум раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида интихоб шуд.

Барак Обама дар пасманзари кафккӯбиҳои тӯлонӣ ва шодбошиҳои ҷонибдоронаш дар ситоди интихоботии худ дар Чикаго ҳозир шуд ва аз ҷонибдоронаш барои боварӣ ба талошҳои худ сипос гуфт.

Барак Обама, президенти сиёҳпусти Амрико сарфи назар аз дилсардии мардуми кишвараш аз вазъи иқтисодӣ ва ҷолишҳое рақибаш Мит Ромни дар аксари аёлатҳо пирӯз шуд ва 270 ройро аз худ кард.

Акнун дар харитаи интихоботии Амрико минтақаҳои ҷонибдори Обама, ки ранги обӣ доранд, бештар мушоҳида мешаванд.


Обама, раъйи аксариятро дар аёлатҳои Ню-Йорк, Массачусетс, Калифорния, Орегон ва Вашингтону Ҳаваӣ зодгоҳаш бо худ бурдааст. Бино ба ҳамин пешбиниҳо Митт Ромнӣ дар аёлати Мичиган, ки падараш онҷо губернатор буд, шикаст хӯрдааст.

Ҳамзамон шабакаҳои телевизионии ИМА пешбинӣ мекунанд, ки ҳизби ҷумҳурихоҳ назорати Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии Конргесси ИМА-ро дар дасташ ҳифз хоҳад кард. Рӯзи сешанбе райъдиҳандагони амрикоӣ 435 узви Маҷлиси Намояндагонро интихоб карданд. Ҳамин тавр шабакаҳои телевизионӣ пешбинӣ мекунанд, ки Сенат-маҷлиси болоии Конгресси ИМА дар ихтиёри ҳизби демократ боқӣ мемонад. Рӯзи сешанбе раъйдиҳандагон 33 узви нави Сенатро, ки умуман аз 100 курсӣ иборат аст, интихоб карданд. Феълан 51 узви Сенат намояндаи ҳизби демократ мебошанд. Аз миёни 435 вакили Маҷлиси Намояндагон бошад, 242 нафар узви ҳизби ҷумҳурихоҳ мебошанд.


Барак Обама (Barack H. Obama) президенти 44-уми ИМА мебошад. Ӯ соли 1961 дар аёлати Ҳавайӣ ба дунё омадааст. Падараш аз Кения ва модараш аз аёлати Канзас будаанд. Дар хурдсолӣ Обама муддате дар Индонезия истиқомат кардааст. Дар он ҷо модараш ба ҳайси инсоншинос (антрополог) ифои вазифа мекард. Баъди хатми коллеҷ дар Калифорния ва Ню-Йорк, Обама ба Чикаго кӯч баста, вазифаи ташкилотии иҷтимоӣ дар маҳаллаҳои мардуми камбизоатро бар дӯш доштааст.

Баъдан Обама дар факултаи ҳуқуқи донишгоҳи Ҳарвард таҳсил намудаааст. Ҳангоми таҳсил ӯ аввалин раиси амрикоии африқоитабори маҷаллаи Ҳарвард Лоу Ревю (Harvard Law Review), ки яке аз машҳуртарин маҷаллаҳои ҳуқуқии ИМА ба шумор меравад, интихоб шуд. Соли 1997 Обама ба кори ҷамъиятӣ баргашта, дар интихоботи Сенати аёлати Иллинойс дастболо шуд. Обама се дафъа узви Сенати аёлати Иллинойс интихоб шуда, ҳамзамон дар Донишгоҳи Чикаго аз фанни ҳуқуқ дарс медод. Бар илова дар ҳамин давра Обама ҳамчун вакили мудофиаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ кор кардааст. Соли 2004-ум Обама узви Сенати ИМА аз аёлати Иллинойс интихоб шуд. Моҳи ноябри соли 2008-ум баъди пирӯзӣ дар интихоботи президентии ИМА Обама аз курсии сенатори ИМА истеъфо дод. Соли 2009-ум Обама “ба хотири кӯшишҳои фавқулода дар таҳкими дипломатияи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ миёни мардум” ба гирифтани ҷоизаи Сулҳи Нобел муваффақ шудааст. Ҳамсари ӯ Мишел Обама вакили дифоъ ва ҳомии беҳдошти кӯдакон аст. Барак ва Мишел Обама ду духтар доранд: Малия 13-сола асту Саша 10-сола.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG