Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Обама ба Асад дар мавриди истифодаи силоҳҳои кимиёвӣ


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ба раҳбари Сурия ҳушдор дод, ки истифодаи силоҳи кимиёвӣ алайҳи мухолифини мусаллаҳ, барои Димишқ паёмадҳои ногувор хоҳад дошт.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сеюми декабр гуфт, "Имрӯз ман мехоҳам ба Асад ва зердастони ӯ паёми рӯшан диҳам. Ҷаҳон наззора мекунад. Истифодаи силоҳи кимиёӣ комилан ғайри қобили қабул аст ва агар бо истифодаи он шумо ба иштибоҳи фоҷиабор роҳ диҳед, он паёмад хоҳад дошт ва масъулияташ бар дӯши шумо хоҳад буд”.

Обама аз ифшои ҷузъиёти он, ки дар сурати истифодаи силоҳи кимиёвӣ Димишқро чӣ паёмаде интизор аст, худдорӣ кард. Изҳороти Обама 3--юми декабр баъди он пахш шуд, ки мансабдорони амрикоӣ дар бораи интиқоли силоҳи кимиёвӣ ва истифодаи эҳтимолии он алайҳи нерӯҳои мухолифин хабар доданд.

Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳам рӯзи душанбе дар Истанбул қазияи Сурияро баррасӣ карданд.

Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳам рӯзи душанбе дар Истанбул қазияи Сурияро баррасӣ карданд.

Аз ин пеш вазорати умури хориҷии Сурия эълом дошт, ки “Димишқ ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ силоҳи кимиёвиро алайҳи мардуми кишвар истифода нахоҳад кард”. То ҳол мақомоти Сурия соҳиби ин гуна силоҳ будани кишвар расман тасдиқ ё рад накардаанд. Аммо хабаргузориҳо дар бораи дар ихтиёри ҳукумати Сурия қарор доштани миқдори бузурги газҳои марговар, аз ҷумла, зарин, иттилоъ додаанд.

Дар ҳамин ҳол қарор аст, ки рӯзи 4-уми декабр НАТО дархости Туркияро дар мавриди дар марз бо Сурия мустақар кардани системи зидди ҳамлаи ҳавоӣ ва мушакҳои амрикоии Патриот ба хотири дифоъ аз мушаку ҳавопаймоҳо бипазирад. Ин мавзӯъ дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Паймони НАТО дар Брюссел баррасӣ мешавад. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар мулоқот бо нахуствазири Туркия Раҷаб Тайид Эрдуғон дар Истамбул ҳушдор дод, ки мустақаршавии мушакҳои Патриот дар марзҳо бо Сурия, метавонад боиси боз ҳам амиқтар шудани бӯҳрони низомӣ дар минтақа шавад.

Туркия, ки то ҳол даҳҳо ҳазор фирориёни аз Сурияро панаҳ додааст, борҳо хостори аз қудрат даст кашидани ҳукумати феълии Башор Асад шудааст. Аммо Русия, чун ҳампаймони содиқи Сурия, мухолифи ҳама гуна мудохилаи низомӣ ба низоъ дар Сурия аст. Маскав ба се қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ки ба хотири ташдиди фишори байнулмилалӣ ба ҳукумати Димишқ таҳия шуда буд, вето гузоштааст. Мақомоти Русия алайҳи кӯмакҳои Туркия ва кишварҳои ғарбиву арабӣ ба мухолифини мусаллаҳи Сурия низ садо баланд мекунад.

Вазъи ногувори амниятӣ дар Сурия Созмони Милалро маҷбур сохт, ки ироаи кӯмакҳо ба ин кишварро мутаваққиф кунад ва кормандони худро фаро хонад. СММ дар Сурия тақрибан сад корманди байнулмилалӣ ва 900 корманди маҳаллӣ Туркия ҳазорон тан аз паноҳҷӯёни суриягиро мизбонӣ мекунад.

Туркия ҳазорон тан аз паноҳҷӯёни суриягиро мизбонӣ мекунад.

дорад. Ба гуфтаи мақомоти созмон, ахиран вазъи амниятӣ дар Димишқ ногувору боиси нигаронӣ шудааст.

Даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳ ширкатҳои ҳавопаймоии Мисру Аморати Муттаҳидаи Арабро барои мутаваққифсозии парвозҳо ба Димишқ водор сохт. Аз ҷумла, бар пояи хабарҳо, ширкати EgyptAir рӯзи 3-юми декабр бар асари ноамнӣ парвоз ба Димишқро лағв кард. Нерӯҳои ҳукуматӣ ба мавқеъҳои мухолифин дар канори Димишқ зарбаи ҳавоӣ заданд, задухӯрдҳо дар наздикиҳои фурудгоҳи байнулмилалии пойтахт ҳам идома карданд.

Дар ҳамин ҳол, бархе хабаргузориҳо дар бораи аз кишвар фирор кардани сухангӯи вазорати умури хориҷии Сурия иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, Ҷиҳод Ал-Мақдисӣ ахиран аз Бейрут ба Лондон парвоз кард. Феълан ин иттилоъ расман тасдиқ нашудааст ва маълум нест, ки Мақдисӣ ҳамсафонашро тарк намудааст ё ӯро аз мақомаш барканор кардаанд.
XS
SM
MD
LG