Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама гуфт, "даҳсолаи дардноки ҷанг поён меёбад"


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама дар Рӯзи собиқадорони ҷанг изҳор кард, ки даҳсолаи дардноки ҷанг дар Ироқу Афғонистон ба охир мерасад.

Рӯзи якшанбе президент Обама дар қабристони миллии Арлингтони канори Вашингтон ба ёди низомиёне, ки ҳаёти худро дар хидмати низомӣ дареғ надоштаанд, гулчанбар гузошт.

Ӯ хотирнишон кард, ки хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Ироқ ба поён расида, беруншавии сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон ҷараён дорад: "Ин аввалин ҷашни Рӯзи собиқадорон дар даҳ соли охир аст, ки дар он сарбозони амрикоӣ дар Ироқ ҷанг накардаву ҳаёти худро аз даст надодаанд. Феълан 33 000 афсару сарбози мо аз Афғонистон баргаштаанду ин раванд идома идома дорад. Баъд аз даҳ соли ҷанг қаҳрамонони мо ба хона бармегарданд."

Пешбинӣ мешавад, ки хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон то охири соли 2014 такмил мешавад. Президент Обама насли сарбозонеро, ки пас аз ҳамлаҳои террористии моҳи сентябри соли 2001 ба воя расидаанд, қадрдонӣ кард. Ӯ гуфт, ин сарбозон дар саҳифаҳои таърих ҳамчун маҳвкунандагони режими Саддом Ҳусейн дар Ироқ ва Толибон дар Афғонистон ва ҳамчунон куштори Усома бин Лодин дар Покистон дар ёд хоҳанд монд.

Баъд аз маросими ботантана Барак Обама ва ноиби президенти Амрико -- Ҷо Байден ҳамроҳ бо оилаҳои афсару сарбозоне, ки дар Афғонистон ҷон додаанд, вохӯрданд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG