Пайвандҳои дастрасӣ

Филми моҷаробарангези "Гуфтугӯ" ба намоиш хоҳад даромад


Пас аз моҷарои лағви нахустнамоиши филми “Гуфтугӯ” дар муқобили таҳдиди рахнагарони интернетӣ, “Sony Pictures” қарори худро иваз карданд ва филм дар 200 кинотеати ИМА ба намоиш хоҳад даромад.

Кохи Сафед мегӯяд, раисиҷумҳур Барак Обама аз тасмими ширкати “Sony Pictures”, ки мехоҳад ба намоиши филми “Гуфтугӯ” дар бораи як сӯиқасди дурӯғин ба раҳбари Кореяи Шимолӣ “кафкӯбӣ кард”.

Пас аз моҷарои барчида шудани эълонҳои нахустнамоиши филми “Гуфтугӯ” ва танқид шудани ширкати “Sony Pictures” барои ин тасмим дар муқобили таҳдиди рахнагарон ё ҳаккерони интернетӣ, раҳбарони ширкат қарори худро иваз карданд ва акнун филм дар чанде аз кинотеатрҳои ИМА ба намоиш хоҳад даромад.

Интизор меравад нахустнамиши ҳамзамони филм дар 200 кинотеатр ва хонаҳои ҳунарии мустақил ба намоиш дарояд.

Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳида “ба озодии сухан бовар дорад ва ҳамчунин ба баёни ҳунарии ақида низ”.

Пештар ширкати “Sony Pictures” ба думболи як ҳамлаи интернетӣ ба шабакаҳои он ва таҳдиди ин ки кинотеатрҳо ҳангоми намоиши ин филм тарконда хоҳанд шуд, намоиши онро лағв карда буд.

Вашингтон Кореяи Шимолиро айбдор кард, ки дар рахнаи интернетӣ ва талоши пешгирӣ аз намоиши филм даст дорад ва Обама ваъда дода буд, ки кишвараш “посухи муносиб” хоҳад дод. Рӯзҳои 22-23 декабр тамоми шабакаи интернетии Кореяи Шиомолӣ аз кор афтод, вале маълум нашуд, сабаби ин садама чӣ буд.

Чанд соат пеш аз он, ки хабари қатъи пурраи интернет дар Кореяи шимолӣ паҳн шавад, ин кишвар раиси ҷумҳури Амрикоро муттаҳам кард, ки бо бемасъулиятӣ овозаҳо дар бораи ҳамлаи ҳаккерии Кореяи шимолӣ ба ширкати "Сони Пикчерз"-ро пахш мекунад. Кореяи Шимолӣ мегӯяд, омодаи ҳамлаи мушакӣ ба Кохи Сафед, бинои вазорати дифои Амрико (Пентагон) ва хоки Амрико аст.

Барак Обама аз ибтидо тасмими лағви намоиши умумии филми "Гуфтугӯ"-ро иқдоме "иштибоҳ" хонда буд.

Саҳнае аз филми "Гуфтугӯ"

Саҳнае аз филми "Гуфтугӯ"

Филми "Гуфтугӯ" -- филми комедӣ дар бораи Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ ва нақшаи қатли ӯст, ки қарор буд дар рӯзҳои истироҳатии соли навӣ дар Амрико намоиш дода шавад. Аммо ширкати Сони Пикчерз пас аз дарёфти паёмҳои таҳдидомез, тасмим гирифт намоиши ин филмро ба таъхир биандозад. Ин кор ба интиқоди раиси ҷумҳури Амрико рӯбарӯ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс, оқои Обама рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ бо ишора ба ин тасмими раҳбарони ширкати Сони Пикчерс гуфт, "эй кош онҳо аввал бо ман сӯҳбат карда буданд... ҷомеаи мо наметавонад ба гунае бошад, ки диктатории як кишваре битавонад сензураро таҳмил кунад."

Ин изҳорот чанд соат пас аз он баён шуд, ки пулиси федеролии Амрико ба таври расмӣ ҳукумати Кореяи Шимолиро муттаҳам сохт, ки дар пушти ҳамлаҳои интернетии ахири алайҳи ширкати Сони Пикчерз қарор дорад. Ширкати Sony эълом кардааст, ки дар ҷараёни ин ҳамлаҳо, бисёре аз маълумоти маҳрамонаи ин ширкат, аз ҷумла филмҳо ва паёмҳои шахсӣ ва кории раҳбарони он аз байн рафтаанд.

Барак Обама низ бо ишора ба ҳодиса изҳор дошт: "Sony як ширкат аст ва садамаи сахт дидааст. Коркунонаш ҳам таҳдид шудаанд. Ман дар ин бора бо онҳо эҳсоси ҳамдилӣ мекунам. Аммо бо ҳама инҳо, фикр мекунам, онҳо тасмими хато гирифтаанд."

Вай ҳамчунин ба ҳукумати Кореяи шимолӣ ҳушдор додааст, ки Амрико ба иқдоми онҳо "ба шевае, ки худ интихоб мекунад ва дар макон ва замони муносиб" посух хоҳад дод. Аз ин қабл Кореяи шимолӣ даст доштан дар ҳамлаҳои интернетӣ алайҳи ширкати "Sony"-ро рад карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG