Пайвандҳои дастрасӣ

Обама хостори амалиёти ҳарбӣ дар Сурия шуд


Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама гуфт, хостори амалиёти ҳарбӣ дар Сурия аст, вале нахуст бояд ризоияти Конгресси ИМА-ро ба даст орад.

Дар паёмаш рӯзи шанбеи 31-уми август, Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, гуфт, омодааст, ба амалиёти ҳарбӣ дар Сурия фармон диҳад, аммо мехоҳад, аввал ризоияти аъзои Конгресси Иёлоти Муттаҳидаро барои ин ба даст орад. Вай афзуд, сарои Конгресс розиянд дар ҷаласаи навбатии худ ин масъаларо баррасӣ кунанд, вале нагуфт, дар ҳоли раъйи мухолифи Конгресс ба амалиёти ҳарбӣ дар Сурия чунин фармонро хоҳад дод ё не.

Бо ишора ба истифода шудани силоҳи кимиёӣ дар Сурия Обама гуфт: "Ин ҳамлаест зидди шарафи инсоният. Ва он ҳамчунин таҳдиде ба амнияти мо ба шумор меравад."

Изҳороти Обама дар ҳоле садо дод, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин иддаои аз сӯи нерӯҳои ҳукуматии Сурия истифода шудани силоҳи кимиёвиро “дасиса” номид. Ба гуфтаи вай, ки дар шаҳри Владивосток бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, ин иддао бепояву бунёд аст, зеро артиш дар набардҳо дар канори Димишқ муваффақ буд ва зарурате барои истифода аз силоҳи кимиёвиро надошт.

Аз сӯи кадом нерӯҳо истифода шудани силоҳи кимиёвиро масъулини СММ мушаххас хоҳанд кард. Нозирони ин ниҳоди байнулмилалӣ тафтиши макони истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар наздикиҳои шаҳри Димишқро анҷом доданд ва рӯзи шанбе Сурияро тарк намуданд. Намунаҳое, ки онҳо аз ҷойи ҳодиса пайдо кардаанд, дар озмоишгоҳҳо санҷида хоҳанд шуд. Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, ки ба нозирон барои таҳияи гузориш дар бораи натиҷаҳои тафтиш тақрибан ду ҳафта вақт зарур аст.

Аз ин пеш Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, хабар дод, ки бар асари ҳамлаи кимиёвӣ дар канори шаҳри Димишқ рӯзи 21 август 1429 нафар, аз ҷумла, 426 тифл ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи ӯ, хадамоти кашфи Амрико тайид кард, ки маводи кимиёвӣ аз сӯи артиши раисиҷумҳур Башор Асад истифода шудааст. Мақомоти Сурия ин иттиҳомро рад карда, онро “дурӯғ” хонданд.

Имкониятҳои ИМА ва НАТО барои ҳамла ба Сурия


Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама рӯзи ҷумъа изҳор намуд, ки имкони амалиёти низомии маҳдуд дар Сурияро байид намедонад. Ҳадафи амалиёт, ба гуфтаи ӯ, ин аст, ки ҳушдор на фақат ба Сурия, балки ба дигар кишварҳо низ ҳаст, ки меъёрҳои байнулмилалӣ оид ба истифода накардани силоҳи кимиёвиро бечунучаро иҷро кунанд. Ба гуфтаи Обама, “ҷаҳон муваззаф аст мутмаин шавад, ки мо ба меъёрҳои истифода набурдани силоҳи кимиёвӣ содиқем. Ҳоло ман дар мавриди чораҳои гуногуне, ки метавонанд ин меъёрро дар амал татбиқ кунад, тасмими ниҳоӣ нагирифтаам.

Обама афзуд, дар ягон тарҳи амалиёт, ки таҳия мешавад, интиқоли нерӯҳои пиёдагарди ИМА ба ин кишвар пешбинӣ нашудааст.


Ҳукумати Сурия даст доштанаш дар ҳамлаи кимиёвиро рад мекунад ва ҳамзамон ошӯбгарони мусаллаҳро дар он муттаҳам мекунад, ки бо кор гирифтан аз чунин ҳамла мехоҳад Ғарбро барои дахолати низомӣ ба умури Сурия мӯътақоид созад. Русия, яке аз ҳампаймонҳои асосии Димишқ, изҳор намуд, ҳама гуна истифодаи нерӯи низомӣ бидуни ризояти СММ – нақзи қавонини байнулмилалӣ хоҳад буд.

То ҳол фақат Фаронса барои ҳамроҳ шудан ба ҳама гуна ҳамлаи Амрико ба Сурия изҳори омодагӣ кардааст. Бритониё баъди раъйдиҳӣ дар парлумон эълом дошт, ки дар амалиёт алайҳи Сурия дар паҳлӯи Амрико буда наметавонад.

Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайид Эрдуғон гуфт, ки ҳама гуна дахолати низомии байнумилалӣ алайҳи Сурия бояд аз байн бурдани режими Башор Асад ва хатми хунрезиро ҳадаф дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, амалиёти як ё дурӯза барои ин ҳадафҳо кофӣ нест.

Амалиёти низомӣ дар Сурия барои минтақа ва ҷаҳон чӣ паёмадҳои эҳтимолӣ хоҳад дошт? Алиризо Нуризода, коршиноси масоили Ховари Миёна, дар посух ба ин суоли мо гуфт, ин ба чӣ гуна будани амалиёт бастагӣ дорад. Ӯ афзуд, “агар амалиёти низомӣ, тавре пешбинӣ мешавад, як амалиёти маҳдуд ва, бигирем, алайҳи марокизи тавлиди силоҳи кимиёвӣ ё нукоти партоби мушак бо силоҳи кимиёвӣ бошад, фикр намекунам, ки Сурия вокунише нишон диҳад. На Сурия ва на ҳампаймонҳояш омодагии вуруд ба як рӯёрӯии бузург бо Амрико
Алиризо Нуризода

Алиризо Нуризода

ва кишварҳои ғарбиро надоранд”. Ба гуфтаи коршинос, “як навъ ба назар мерасад, пушти парда миёни Маскав ва Вошингтон ҳам тавофуқе эҷод мешавад, ки дар сурати “амалиёти маҳдуд” алайҳи Димишқ Маскав вокунише нишон надиҳад”. Ва аммо, меафзояд Алиризо Нуризода, "агар қазия ба сурати густурда бошад ва мунҷар ба дахолати низомии Ғарб ба умури Сурия шавад, дар он сурат бидуни шубҳа режими Башор Асад ва ҳампаймонаш Эрон, ҳатто барои бақои худашон ҳам, даст ба иқдомоте хоҳанд зад ва минтақаи вориди як бӯҳрони басо хатарнок хоҳад шуд”.

Се рӯз пеш Башор Асад , раисиҷумҳури Сурия, изҳор намуд, ки кишвараш ба таҷовузи кишварҳои ғарбӣ муқовимат хоҳад кард. Ӯ дар мулоқот бо сиёсатмадорон аз Яман гуфт, Димишқ худро аз ҳама гуна ҳамла дифоъ хоҳад кард. Ба иттилои хабаргузории САНА, раҳбари кишвар гуфтааст, “Сурия бо мардуму артиши ҷасураш набард бо терроризмеро идома медиҳад, ки аз сӯи Исроил ва кишварҳои ғарбӣ барои манофеи худ ва ҷудоиандозӣ дар минтақа истифода мешавад”.

Аз ибтидои бӯҳрони Сурия дар баҳори соли 2011 то кунун, ба иттилои СММ, бештар аз 100 ҳазор нафар кушта шудаанд ва 1 миллиону 700 ҳазор тан аз суриягиҳо ба кишварҳои дигар фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG