Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба гузориши рӯзномаи Wall Street, раиси ҷумҳури Амрико ба раҳбари Эрон номаи маҳрамона фиристодааст.

Рӯзномаи амрикоии Wall Street рӯзи панҷшанбе гузориш дод, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико миёнаҳои моҳи гузашта ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон номаи маҳрамона навиштааст. Ба гуфтаи афроде, ки аз муҳтавои нома огоҳ ҳастанд, оқои Обама дар он бар масолеҳи муштарак дар ҷанг алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ таъкид кардааст. Ба гузориши Wall Street ин нома бо ҳадафи таъкид бар тақвияти мубориза алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ ва суръат бахшидан дар музокироти ҳастаӣ навишта шудааст.

Бино ба гуфтаи манобеъ, оқои Обама ба Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карда, ки ҳар гуна ҳамкорӣ дар мубориза бо гурӯҳи Давлати исломӣ то ҳадди зиёде ба дастёбӣ ба як тавофуқ бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар музокироти ҳастаии 24 ноябр вобаста аст. Номаи моҳи октябри раиси ҷумҳури Амрико дастикам чаҳорумин номаи Барак Обама ба Оятуллоҳ Хоманаӣ аз замони раёсати ҷумҳури ӯ дар соли 2009 аст. Ӯ дар ин номаҳо раҳбари Эронро ба ҳамкорӣ ва беҳбуди равобит бо Амрико даъват кардааст.

Дар идомаи гузориши Wall Street омадааст, ин нома таъкиде аст бар ин, ки оқои Обама нақши Эронро дар муборизаи дипломатӣ ва низомӣ барои берун рондани гурӯҳи Давлати исломӣ аз манотиқе, ки дар шаш моҳи гузашта тасарруф кардааст, муҳим медонад. Барак Обама ва мақомоти баландпояи амрикоӣ дар рӯзҳои ахир эҳтимоли расидан ба тавофуқ дар гуфтугӯҳои ҳастаиро панҷоҳ-панҷоҳ арзёбӣ кардаанд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико қарор аст рӯзи якшанбе барои гуфтугӯҳои муқаддимотии музокироти ҳастаӣ дар Уммон бо ҳамтои эронии худ Муҳаммадҷавод Зариф дидор кунад.

Талошҳои оқои Обама барои расидан ба тавофуқ бо Эрон аз тарафи дигар бо муқовимат дар дохили Амрико рӯбарӯ шуд. Пас аз пирӯзии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи рӯзи сешанбе, мухолифат бо расидан ба тавофуқ бо Эрон ва ҳамчунин эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримҳои бештар алайҳи Теҳрон афзоиш ёфтааст. Дар интихоботи рӯзи сешанбе ҷумҳурихоҳон аксарияти курсиҳои сенатро ба даст оварданд ва ду сенатор тарҳе барои бештар кардани таҳримҳо алайҳи Эронро ба Маҷлиси Сенат ироа кардаанд.

Бино ба гуфтаи манбаъҳои огоҳ аз ирсоли номаи маҳрамонаи Барак Обама ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти мукотибот бо Ҷумҳурии исломии Эрон, Кохи Сафед муттаҳидони Ховари Миёнаи Амрико, яъне Исроил, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабиро аз номаи моҳи октябри оқои Обама ба раҳбари Эрон, огоҳ накардааст.

Ба навиштаи Wall Street раҳбарони ин кишварҳо тайи ҳафтаҳои ахир аз эҳтимоли нармиши қобили мулоҳизаи Амрико дар муқобили хостаҳои Теҳрон дар музокироти ояндаи ҳастаӣ, ибрози нигаронӣ кардаанд. Онҳо гуфтаанд, нигарон ҳастанд, ки бо вуҷуди дастёбӣ ба тавофуқ дар музокироти ҳастаӣ, Эрон битавонад ба зарфиятҳои сохти силоҳи ҳастаӣ даст ёбад.

Ин рӯзномаи амрикоӣ дар поён ёдоварӣ мекунад, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ тайи шаш соли гузашта барои Барак Обама як тарафи музокираи собитқадам набудааст. Раиси ҷумҳури Амрико дар шаш моҳи аввали соли 2009 ва ибтидои ибтидои раёсати ҷумҳури худ ду нома барои раҳбари Эрон фиристода буд ва хоҳони беҳбуди равобит байни ду кишвар шуд. Равобити Эрон ва Амрико аз соли 1979 бо пирӯзии Инқилоби исломӣ қатъ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG