Пайвандҳои дастрасӣ

Обама гуфт, "Рӯзҳои беҳтарини Амрико дар пеш аст"


Зимни шодбоши тарафдоронаш дар шаҳри Чикаго Барак Обама гуфт, кишвараш ба пеш ҳаракат хоҳад кард.

Президенти Амрико Барак Обама барои даври дуюм ба мӯҳлати чор сол раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаро ба ӯҳда мегирад. Вай дар интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр бар рақиби худ аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ пирӯз шуд. Обама дар як маросиме дар шаҳри Чикаго, ки манзили ӯ он ҷост, пирӯзиашро ҳамроҳ бо тарафдоронаш таҷлил кард. Вай гуфт:


  • Мардуми Амрико ёдовар шуд, ки замоне, ки роҳи мо сахту сафари мо тулонӣ буд, мо худро ба даст гирифта мубориза бурдем ва дар замири худ ҳамаи мо медонем, ки ҳанӯз рӯзҳои беҳтарини ИМА дар пеш аст.

Чанд соат пеш аз ин, Ромнӣ пирӯзии рақибашро эътироф ва табрик кард. Ӯ, ки дар қароргоҳи таблиғотии ҳизбаш дар Бостон қарор дошт, гуфт:


  • Ман ҳоло ба президент Обама занг зада ӯро бо пирӯзиаш табрик кардам. Тарафдорону таблиғгарони ӯ ҳам шоистаи табрик ҳастанд. Ман ба ҳамаи онҳо хушрӯзӣ таманно мекунам, вале пеш аз ҳама ба худи президент, хонуми ӯ ва духтарҳояш. Ин фурсати чолишҳои зиёд дар Амрикост ва ман дуогӯи онам, ки президент дар раҳнамоии миллати мо муваффақ шавад.

Обама зимни суханрониаш дар Чикаго гуфт, ки дар як сӯҳбати телефонӣ бо Ромнӣ ба ӯ гуфтааст, ки ният дорад бо ӯ мулоқоте анҷом дода, ҳамроҳ роҳҳои пешрафти кишварро баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG