Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ба маҳви "шабакаи марг" дар Ироқ ва Сурия даъват кард


headquarters in New York, September 24, 2014

headquarters in New York, September 24, 2014

Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, дар паёмаш ба Маҷмаи умумии Созмони Милал аз таҳдидҳои ба сулҳ ва низоми муосири ҷаҳон ҳушдор дод ва кишварҳоро ба ҳамбастагию ҳамгироӣ даъват кард.

Дар паёмаш ба Маҷмаи умумии Созмони Милал раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама гуфт, ки ҷаҳон “дар дуроҳаи байни ҷангу сулҳ, байни бенизомӣ ва ҳамгироӣ, байни тарс ва умед қарор дорад”.

Вай афзуд, ҳамаи ки шварҳо бояд “дар муроот ва таҳкими меъёрҳои байнулмилалӣ масъулият нишон диҳанд”.

Обама гуфт: "Изтироби густардае хоси ҷаҳони муосири мост ва он ҳиссест, ки нерӯҳое моро дар муқобили хатарҳои нав ба ҳам овардаанд, хатарҳое, ки ҳалли онҳо барои як давлат гаронӣ мекунад. Ва мо замоне ҷамъ меоем, ки уфуни эбола низоми беҳдошти Африқои Ғарбиро ба ҳам мезанад, таҷовузи Русия дар Аврупо бисёре аз кишварҳоро аз ишғолгариҳо нигарон кардааст, бераҳмии террористон дар Сурия ва Ироқ моро маҷбур мекунанд, ки ба қаъри торикӣ нигарем.”

Раисиҷумҳури Амрико аз ҷаҳон, ба вижа олами Ислом даъват кард, идеологияи Ал-Қоида ва гуруҳи “Давлати Исломӣ”-ро, ки вай онро “шабакаи марг” номид, “ошкоро, қавӣ ва суботкорона рад кунад. Вай гуфт, бо ин навъи бадӣ ҳеч гуна гуфтушунид ҷоиз нест ва ягона забони фаҳмо барои онҳо, забони нерӯст.

Изҳороти Обама дар ҳоле садо медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида ва ҳампайм онҳояш маъракаи густардаи ҳарбиеро зидди ин гурӯҳ дар Ироқ ва Сурия шурӯъ кардаанд.

Обама гуфт, Иёлоти Муттаҳида “ҳаргиз дар ҳоли ҷанг бо Ислом набуд ва нест” ва ҳама гуна ҳадсҳоро дар бораи ҷанги тамаддунҳо рад мекунад. Вай афзуд, гуруҳи “Давлати Исломӣ” бояд “тахриб ва дар ниҳоят нобуд карда шавад.”

Обама гуфт, амалкардҳои Русия дар Украина барои низоми баъд аз ҷанг як мушкил ба шумор мераванд.

Дар паёмаш ба Маҷмаи умумии Созмони Милал раҳбари Амрико гуфт, оташбас дар Украина роҳеро барои сулҳ боз мекунад, агар Русия онро иҷро намояд.

“Созишномаи ахири оташбас дар Украина оғозеро барои расидан ба ин ҳадаф фароҳам меорад,” – гуфт ӯ, -- Агар Русия ин роҳро дар пеш гирад, роҳеро барои нармиши баъд аз Ҷанги Сард барои шукуфоии мардуми Русия, он гоҳ мо таҳримҳоро бекор ва аз нақши Русия дар расидагӣ ба мушкилоти муштарак истиқбол мекунем.”

Вай ҳамчунин гуфт, баъд аз он ки Украина хост, назоратро бар қаламрави худ таҳким диҳад, Русия нерӯҳояшро вориди марзҳои он кард.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида афзуд, кишвараш ва ҳампаймонҳои он аз мардуми Украина дар роҳи ҳаракати онҳо ба сӯи демократия ва рушди иқтисод ҳимоят мекунад.

Обама ба раҳбарон ва мардуми Эрон бовар дод, ки агар Теҳрон сулҳомезии барномаи ҳастаии худро ба исбот расонад, ба ҳалле даст хоҳад ёфт, ки ниёзҳои ин Эронро ба энержӣ бароварда созад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG