Пайвандҳои дастрасӣ

"Танаффус" дар равобити Амрикову Русия


Обама ва Путин (акс аз бойгонӣ)

Обама ва Путин (акс аз бойгонӣ)

Раисиҷумҳури Амрико гуфт, Вошингтон ба далели тафаккури “ақибгароёна”-и раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар равобиташ бо Маскав танаффус мегирад.

Барак Обама, ки рӯзи ҷумъа дар Вошингтон баъди нашр шудани хабари лағви мулоқоташ бо Путин сӯҳбат мекард, ба хабарнигорон гуфт, ӯ талош кардааст, то Путинро ташвиқ кунад, ки “ба ҷои гузашта ба оянда фикр кунад.” Вале Обама эътироф кардааст, ки ин талошҳояш ҷо-ҷо муваффақ ва ҷо-ҷо ноком мондаанд.

Барак Обама гуфт, дар равобити Амрико бо Русия пешрафт ба даст омада буд, вале то соли 2012, ки Путин ба мақоми раёсати он ҷумҳурӣ баргашт: “Дар ин бахш корҳои хуби зиёде ҳаст, ки анҷом шудааст ваё ҳамчунон идома дорад. Ин ҳам рост аст, ки вақте Путин, ки он вақт ӯ сарвазир буду Медведев - президент, ба сари қудрат баргашт, ба назари ман, аз тарафи Русия лаҳни бештар зиддиамрикоӣ ба гӯши мо мерасид ва бархе қолабҳои қадимаи рақобатҳои байни Амрикову Русия дар даврони Ҷанги сард ба бозӣ дароварда шуданд. Ман бо комёбии омехта ҷаноби Путинро ташвиқ мекардам, ки ба оянда фикр кунад, на ба гузашта.”



Обама гуфт, “ихтилофоти калидии дар ҳоли буруз” бо Маскав рӯи масоиле, чун ҷанги шаҳрвандии Сурия, ҳуқуқи башар ва қонунҳои алайҳи ақалиятҳои ҷинсӣ тасвибшуда дар Русия аст. Маскав ҳамин тавр, бо ироаи паноҳандагии муваққат ба корманди собиқи мақомоти ҷосусии Амрико Эдвард Сноуден, ки аз тарафи додситонии федеролии Амрико бо иттиҳоми ифшои асрори амниятӣ таҳти таъқиб қарор дорад, хашми Вошингтонро барангехт.

Барак Обама дар ин робита мегӯяд: “Ба фикри ман, ин мавриди охир танҳо яке дигар аз ихтилофоти дар ҳоли буруз аст, ки мо тайи чанд моҳи охир роҷеъ ба Сурия, роҷеъ ба масоили ҳуқуқи башар шоҳид шудаем. Ин ҳама зоҳиран моро водор мекунад, ки танаффус бигирем ва арзёбӣ кунем, ки оё Русия ба куҷо меравад, манфиатҳои решаии мо кадом аст ва равобитамонро чунон бисозем, ки барои Амрико ва умедворем, ки барои Русия ҳам хуб бошад. Вале мо бояд эътироф кунем, ки бархе ихтилофот пеши рӯи мо қарор гирифтаанд ва мо наметавонем ин ҳамаро комилан пинҳон кунем.”

Аммо Обама бо вуҷуди интиқоди тунд аз қонунҳои алайҳи ақалиятҳои ҷинсӣ дар Русия гуфт, таҳрими Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 дар Сочиро барои Амрико муносиб намедонад.

Интизор мерафт, Барак Обама ва Владимир Путин дар ҳошияи нишасти сарони Ҷӣ-20 рӯзҳои 5 ва 6 сентябр дар Санкт-Петербурги Русия мулоқоти ҷудогона дошта бошанд. Аммо рӯзи 7 август Вошингтон эълон кард, ки Обама ба нишасти Петербург меравад, вале бо Путин мулоқоти якбаяк нахоҳад дошт.

Мақомоти амрикоӣ аз аввал пинҳон намекарданд, ки як сабаби аслии лағви дидори Обама бо Путин моҷарои Сноуден аст, ки ахиран дар Русия паноҳандагии муваққат пайдо кард.


Корти паноҳандагии Сноуден дар Русия

Корти паноҳандагии Сноуден дар Русия

Хабари лағви мулоқот аз забони ноиби мушовири амнияти миллии Кохи Сафед, Бен Родс рӯзи чаҳоршанбе дар Вашингтон эълон шуд, ки гуфт, тасмими ҳафтаи гузаштаи Русия дар бораи додани паноҳгоҳи муваққатӣ ба Эдвард Сноуден, ифшогари фирории барномаҳои назорати интернетии Амрико сабаб шудааст, ки муносибатҳои бе ин ҳам гирифтаи Русия ва Амрико бадтар шавад.

Ин демарши Вошингтон ба вокуниши пур аз асабонияти Маскав дучор шуд. Юрий Юшаков, мушовири равобити хориҷии Владимир Путин, рӯзи 7 август гуфт, қазияи Сноуденро Русия ба миён наовардааст ва тасмими Вашингтон иштибоҳ аст.

Аммо Бен Родс гуфтааст, “ин тасмими муштараки президент ва гурӯҳи амнияти миллии ӯ буд, ки дар чунин шароит мулоқот маъние нахоҳад дошт.”
XS
SM
MD
LG