Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Ҷанги Амрико бо Ислом нест


Барак Обама
Барак Обама

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Амрико на бо Ислом, балки бо онҳое меҷангад, ки ин мазҳабро таҳриф мекунанд.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки рӯзи 18 феврал дар анҷумани серӯзаи мубориза бо ифротгароии хушунатомез дар Кохи Сафед гуфт, Амрико “дар ҳоли ҷанг” бо Ислом “ нест, балки алайҳи онҳое меҷангад, кин ин мазҳабро таҳриф мекунанд.

Обама дар ин анҷуман дар шарҳи маъракаҳои низомии таҳти раҳбарии Амрико, аз ҷумла раҳбарии эътилофи зидди гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ гуфт: “Мо дар ҳоли ҷанг бо Ислом нестем. Ҷанги мо бо онҳоест, ки Исломро таҳриф мекунанд.” Обама афзуд, “бори масъулияти терроризм ба дӯши мазҳаб нест. Одамон масъули хушунат ва терроризманд.”

Анҷумани Вошингтон намояндагон аз 60 кишварро гирди ҳам овардааст.

Бархе доираҳо дар пайи ҳамлаҳои ахири ҷангиёни исломӣ дар Порису Копенҳаген Кохи Сафед – маъмурияти раисиҷумҳури Амрикоро айбдор мекунанд, ки аз иртибот додани ифротгароӣ бо дини Ислом худдорӣ мекунад.

Ҷангиёни "Давлати исломӣ" ҳангоми қатли як гурӯҳи асирон
Ҷангиёни "Давлати исломӣ" ҳангоми қатли як гурӯҳи асирон

Обама гуфт, раҳбарони “Давлати исломӣ” дар асл на “раҳбарони мазҳабӣ”, балки “террористанд.” Ӯ дар суханрониаш “Давлати исломӣ”-ро аз Ислом ҷудо кард. Раисиҷумҳури Амрико “Давлати исломӣ”-ро бори дигар таҳдид ба тамоми дунё номид ва гуфт, ин гурӯҳи тундрав ва ҳамин тавр, шабакаи Ал-Қоида шадидан машрӯъият меҷӯянд.

Барак Обама гуфт, “ҳамла ба мардуми бегуноҳ аз Ислом ва мусалмонон ҳимоят намекунад, балки ба Ислому мусалмонон зарба мезанад.”

Раисиҷумҳури собиқи Амрико Ҷорҷ Буш низ чандин бор ҳамин ҳарфро зада буд, ки Амрико алайҳи Ислом намеҷангад.

Обама аз ҷамъиятҳои мусалмонии кишвараш даъват кард, то дар амри муқобила бо ифротгароӣ талоши бештар ба харҷ диҳанд. Ӯ гуфт, “раҳбарони мусалмононро зарур аст, барои ботил кардани ин иддао, ки кишварҳои мо ҳадафи таъқиби Исломро доранд, кори бештар кунанд.”

Барак Обама гуфт, мусалмонони ҷавон дар муқобили тарғиботи ифротгароён бештар осебпазиранд ва таҳти таъсири он метавонанд ба сафи “Давлати исломӣ” пайваста, ё ба Сурия бираванд ваё ба ҳамлаҳои террористӣ дар дохили кишваре ки ба сар мебаранд, ҷалб шаванд.

Мақомоти иктишофии Амрико ҳафтаи гузашта дар як суолуҷавоб дар Конгресс гуфтанд, ки дастикам 150 амрикоӣ бо ҳадафи ҷангидан дар кагори гурӯҳҳои ситезаҷӯи исломӣ қасди сафар ба Сурияро доштаанд.

Абӯбакри Бағдодӣ
Абӯбакри Бағдодӣ

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар авоили соли 2014 аз шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ба даст овард ва дар ин сарзаминҳои таҳти назораташ ба ном “хилофати исломӣ” таъсис дода, раҳбараш Абӯбакри Бағдодиро “халифа” баргузид. Абӯбакри Бағдодӣ, ки ҳоло ба худ лақаби “Халифа Иброҳим”-ро гирифтааст, эҳёи халифати воҳиди исломӣ дар паҳнои бузурге аз Андалузияи Испанияву шимолии Африқо то Осиёи Марказӣ ва нимқораи Ҳиндро ҳадафи созмони “Давлати исломӣ” меномад.

Дар харитаҳои ин созмон ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳамчун бахше аз вилояти Хуросон, ки ҳамчунин шарқи Эрон, Афғонистону Покистон ва Ҳиндро дар бар мегирад, тасвир мешавад. Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиёни тоҷик дар сафи “Давлати исломӣ”-ро то 300 нафар баршумурда, мегӯянд, то имрӯз дар бораи ҳалокати зери 60 нафар аз ҷангиёни зодаи Тоҷикистон дар Ироқу Сурия гузориш шудааст.

Яке аз ҳавопаймоҳои эътилофи зидди "Давлати исломӣ"
Яке аз ҳавопаймоҳои эътилофи зидди "Давлати исломӣ"

“Давлати исломӣ”, ки чандин чоҳи нафту корхонаҳои тавлиди маҳсулоти нафтиро дар минтақаи таҳти назораташ ба даст овардааст, бино ба ҳисобҳо, аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти нафтӣ ҳар рӯз то 3 миллион доллар “кор” мекунад ва ба ин тартиб сарватмандтарин созмони террористии дунё ном бурда мешавад.

Ҷангиёни он бо бераҳмии гӯшношуниди худ, аз ҷумла бо қатли оми асирон бо шеваҳои хеле даҳшатоваре, чун зинда ба зинда сӯзондан, каллабурӣ ва ҳатто зинда ба зинда гӯр кардани нафарони гумонбар ба “аъмоли душманона” алайҳи ин гурӯҳ ном баровардаанд. “Давлати исломӣ” навори қатли “душманон”-ашро ҳамеша дар Интернет нашр мекунад, ки мардумро таккон дода, мавҷи маҳкумиятҳо дар ҷаҳонро ба бор меорад.

Ҳафтаи гузашта ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар Либия 21 масеҳирии мисриро сар бурида, навораш дар Интернет нашр карданд. Ду рӯз пеш дар бораи аз сӯи ҷангиёни “Давлати исломӣ” зинда ба зинда оташ задани 45 нафар, бо шумули кормандони амниятӣ, дар шаҳри Ал-Бағдодии Ироқ гузоришҳо нашр шуд.

Бисёре аз рӯҳониёни маъруфи дунё, аз ҷумла рӯҳониёни шинохтаи тоҷик “Давлати исломӣ”-ро фитна ва ҳадаф аз фаъолияташро низоъ андохтан дар байни мусалмонон номида, “ҷиҳод” будани ҷанги онҳо дар Ироқу Сурияро рад кардаанд.

Аз моҳи августи соли 2014 таҳти раҳбарии Амрико эътилофи байналмилалие таъсис ёфтааст, ки сангарҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурияву Ироқ пайваста бомбборон мекунад.

XS
SM
MD
LG