Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама аз Трамп хост дар муқобили Русия истодагӣ кунад. ВИДЕО


Президенти Амрико Барак Обама дар охирин сафари аврупоии худ дар Олмон гуфтааст, ки "миёни Русия ва мо дар мавридҳое тафовутҳои чашмгир" дар баробари масоили ҷаҳонӣ вуҷуд дорад. Ӯ ибрози умедворӣ кардааст, ки президенти мунтахаби Амрико дар ҳолатҳои зарурӣ дар баробари Русия истодагӣ мекунад.

Барак Обама рӯзи 17 ноябр дар нишасти хабарии муштарак бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон -- муттаҳиди аслии Амрико дар Аврупо ва яке аз ҳамроҳони аслии Вошингтон дар раванди таҳримҳои Русия, дар бораи Маскав ва сиёсатҳои эҳтимолии Вашингтон дар оянда низ сухан гуфтааст.

Амрико ва кишварҳои аврупоӣ пас аз ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия, алайҳи Маскав таҳримҳо ҷорӣ карданд. Робитаҳои Ғарб ва Маскав дар пайванд ба ҷанги дохилии Сурия, ҳимоят аз ҳукумати Башор Асад ва ҳамлаҳои ҳавои Русия, низ тира аст. Аммо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико дар ҷараёни корзори интихоботии Амрико аз Владимир Путин, президенти Русия ситоиш кард ва дар мавриди ҳамкории эҳтимолӣ бо он кишвар дар Сурия сухан гуфт.

Барак Обама, раиси ҷумҳури феълии Амрико, ки то ду моҳи дигар ҷои худро ба Доналд Трамп медиҳад, мегӯяд, умедвор аст, вақте раиси ҷумҳури нав корашро оғоз кард, мавқеи воқеъбинона дар барои Русия дар пеш мегирад. Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки Доналд Трамп фақат ба хотири созишҳое бо Русия, аз он чи мумкин аст ба зарари мардум бошад, парҳез кунад. Барак Обама гуфтааст, ки ҳукумати ӯ дар талоши барқарор кардани робитаҳои созанда бо Маскав буд, аммо "он чи ман воқеъбинона амал кардам ин буд, ки тафовутҳои чашмгире байни нигоҳи Русия ба ҷаҳон ва дидгоҳи мо ба ҷаҳон вуҷуд дорад."

Дар ҳоли ҳозир ихтилофоте гоҳ амиқ миёни Вашингтон ва Маскав дар масъалаи Сурия вуҷуд дорад. Барак Обама, ки кишвараш аз шуморе аз мухолифони ҳукумати Сурия пуштибонӣ мекунад, ба ин бовар аст, ки "то Башор Асад дар қудрат аст, ҷанг дар Сурия тамом намешавад".

Барак Обама пас аз сафари аврупоии худ ба Перу меравад. Сафари Обама ба Аврупо пеш аз поёни давраи раёсати ҷумҳурияаш, ба навъе итминонбахш ба муттаҳидони аврупоии Вошингтон дар мавриди даврони президентии Доналд Трамп гуфта мешавад. Оқои Обама ва Ангела Меркел дар як мақолаи муштарак ба аҳамияти тавофуқҳои тиҷоратӣ миёни Амрико ва Аврупо, таъкид кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG