Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далели "гурез"-и Обама ва Ромнӣ аз мавзӯи Афғонистон чист?


Барак Обама бо нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон 2-ми майи соли 2012. Акс аз бойгонӣ.
Барак Обама бо нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон 2-ми майи соли 2012. Акс аз бойгонӣ.

Обама ва Ромнӣ дар корзори пеш аз интихоботӣ ҳадди аксар кӯшиш мекарданд, ки дар бораи ҷанги Афғонистон сӯҳбат накунанд.

Он ҳам дар ҳоле ки нирӯҳои Амрико дар ин кишвар то ҳол даргири ҷангеанд, ки ба тӯлонитарин ҷанг дар таърихи Амрико табдил меёбад. Аммо далели чунин худдории ду номзади асосӣ ба курсии раҳбарии Амрико аз ин мавзӯи доғ чист?

Дар меҳвари корзори интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико масоили бекорӣ, молиёт, вазъи иқтисод ва Эрон истодаанд, аммо на Афғонистон, маконе ки Амрико барои 11 сол дар ботлоқи ҷангаш фурӯ рафтааст.

Раисиҷумҳур Барак Обама ва рақиби ҷумҳурихоҳи ӯ Митт Ромнӣ дар корзори худ аз Афғонистон ками дар кам ёд мекунанд. Ромнӣ, барои мисол, тайи 40 дақиқаи суханрониаш дар анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳ боре ҳам Афғонистонро ном набурд.

Чунин “нодидагирӣ” ба интиқодҳо, аз ҷумла аз ҷониби аъзои аршади ҳизби ӯ дучор шуд. Стив Ҳейс, шореҳи маҷаллаи муҳофизакори "The Weekly Standard" мегӯяд: “Ин иштибоҳ буд. Шумо вақте дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон беш аз 70 000 нирӯ доред, шуморо лозим аст, ки ба онҳо муроҷиат кунед... Мардум мехоҳад бубинад, ки раҳбари ҳизб дар бораи масоили муҳиме, чун ҷанг, сӯҳбат мекунад.”

Амрико то кунун дар ҳеҷ ҷанге барои чунин муддати тӯлонӣ дарнамонда буд, ки дар ҷанги Афғонистон. Дар ин 11 сол беш аз 2000 амрикоӣ дар он кишвари ҷангзада ҷон бохта, ҳазорон тани дигар маҷрӯҳ шуданд ва 574 миллиард доллар низ сарфи Афғонистон шуд.

Аммо Френк Нюпорт, сардабири созмони назарсанҷии Gallup Poll мегӯяд, имрӯз камтар аз як дарсади амрикоиҳо Афғонистонро муҳимтарин масъалаи истода дар рӯбарӯи кишвари худ мешуморанд. Ба гуфтаи ӯ, мардуми Амрико бештар нигарони вазъи иқтисод ва бекорист:

“Номзадҳо назарсанҷиҳоро мехонанд ва пурсишҳои худро ҳам барпо мекунанд ва аз ин рӯ, сароҳатан медонанд, ки масоили калидӣ кадоманд. Ва инки мо баҳси Афғонистонро аз ҷониби Ромнӣ ё Обама намешунавем, ғолибан ба 2 далел аст: а) мушовиронашон ба онҳо мегӯянд, ки ин мавзӯъи авло барои ҷомиа нест, ва б) ин як нуқтаи ихтилоф нест.”

Обама ва раҳбарони дигари НАТО ду сол пеш барномаи хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон то поёни соли 2014-ро пеш гузоштанд. Ин иқдом дархӯрди назари аксари амрикоиҳо буд, ки бино ба назарсанҷиҳо, аз ҷанг хаста шудаанд. Аммо мавридҳои ахири бо дасти нирӯҳои пулис ва урдуи давлатии Афғонистон кушта шудани сарбозони эътилоф ба оташи эҳсоси наве равған рехт, ки нирӯҳои Амрико ҳар қадар зудтар тарки Афғонистон кунанд, ҳамон – беҳтар. Назарсанҷии Gallup нишон дод, ки ҳоло беш аз нисфи мардум дар Амрико чунин андеша доштааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG