Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама дар вокуниш ба суханронии нахуствазири Исроил дар Конгресси ИМА алайҳи созиши эҳтимолии атомӣ бо Эрон гуфт, ки Бенямин Нетаняҳу дар суханрониаш гапи наве нагуфт ва ҳеҷ роҳи амалиро барои ҳалли ин мушкил пешниҳод накард.

Барак Обама, президенти Амрико рӯзи сешанбе дар нахустин вокуниш ба изҳороти Бенямин Нетаняҳу дар Конгресси ИМА гуфтааст, ки нахуствазири Исроил дар суханрониаш ҳеҷ пешниҳод ва роҳи ҳалли амалии алтернативӣ барои музокира бо Эрон ироа накард.

Ба гузориши шабакаи хабарии CNN, Барак Обама дар Кохи Сафед ҳини мулоқот бо вазири дифои Амрико гуфтааст, ки суханронии Нетаняҳуро надида, аммо матни ин суханрониро хондааст. Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки "нуктаи тозае дар ин суханронии Бенямин Нетаняҳу набуд."

Як эътирозгар дар муқобили консулгарии Исроил дар Ню-Йорк.

Як эътирозгар дар муқобили консулгарии Исроил дар Ню-Йорк.

Барак Обама гуфтааст, ки нахуствазири Исроил дар мавриди созиши муваққатӣ дар Женева, ҳамин суханонро гуфта буд. Эрон ва гурӯҳи панҷ ба иловаи як, дар соли 2013 дар Женева ба тавофуқи муваққатӣ даст ёфтанд, ки тибқи он Эрон бархе аз фаъолиятҳои ҳассоси ҳастаии худро қатъ намуд ва дар муқобил, ҷомеаи байналмилалӣ як қисм аз таҳримҳо алайҳи Эронро кам кард. Бар асоси ҳамин тавофуқ, ҳоло гуфтугӯҳо барои расидан ба созиши комил ва ниҳоӣ дар хусуси ҳалли муноқишаи ҳастаии Эрон, дар Женева ҷараён дорад.

Бо ин ҳол, Барак Обама гуфтааст, ки дар хусуси амалкарди Эрон дар минтақа ва ҳимоят аз терроризм ва ҳамчунин таҳдид ба мавҷудияти Исроил, бо Бенямин Нетаняҳу мувофиқ аст. Барак Обама дар идома гуфтааст, ки бар сари масъалаи аслӣ, яъне чигунагии пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ, ки ин кишварро хатарноктар мекунад, бо нахуствазири Исроил ихтилофи назар дорад.

http://www.ozodi.org/content/article/26880327.html

Барак Обама гуфтааст, пас аз таҳримҳои Амрико ва ҷомеаи байналмилалӣ, Эрон ба музокирот розӣ шудааст ва ҳоло сари мизи гуфтугӯҳо қарор дорад. Тайи як соли гузашта бар асоси созиши

Нахуствазири Исроил дар Конгресси Амрико.

Нахуствазири Исроил дар Конгресси Амрико.

муваққатӣ дар Женева, Эрон қисме аз барномаи атомии худро мутаваққиф кард ва бархе аз пешниҳодҳои ҷомеаи ҷаҳониро пазируфт. Раиси ҷумҳури Амрико дар идома гуфтааст, масъалаи тавофуқе, ки ҳоло бо Эрон гуфтугӯҳо дар мавриди он идома дорад, метавонад ҳаракати барномаи ҳастаии Эронро ба таъхир биандозад.

Нахуствазири Исроил дар суханронии худ дар Конгресс гуфт, ки тавофуқи эҳтимолие, ки ҳамакнун кишварҳои панҷ ба иловаи як бо Эрон дар ҳоли музокира бар сари он ҳастанд, тавофуқи "баде" аст ва на танҳо монеи дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ нахоҳад шуд, балки роҳ барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро боз хоҳад кард. Бенямин Нетаняҳу ҳамчунин гуфтааст, ки ин тавофуқ амнияти Исроил ва ҷомеаи байналмилалиро ба хатар меандозад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG