Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Ҳамла ба як дин, ҳамла ба ҳамаи адён аст


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе барои нахустин бор дар хоки Амрико ба як масҷид рафт ва гуфт, ки "ҳамла ба як дин, ҳамла ба ҳама динҳо аст".

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 3 феврал зимни суханронӣ дар як масҷиди шаҳри Балтимори дар иёлати Мериланд гуфт, "ҳангоме ки як гурӯҳи мазҳабӣ мавриди ҳамла қарор мегирад, мо ҳама масъул ҳастем, ки алайҳи чунин кор мавзеъгирӣ бикунем."

Барак Обама аз оғози фаъолияташ ба унвони раисиҷумҳури Амрико аз масҷидҳои зиёде дар хориҷ аз Иёлоти Муттаҳида дидан кардааст, аммо ин барои нахустин бор буд, ки ӯ ба як масҷид дар хоки Амрико рафт.

Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, ҳузури раисиҷумҳури Амрико дар масҷиде дар наздикии Балтимор вокунише ба изҳороти теъдоде аз номзадҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи ояндаи президентӣ дар бораи мусалмонон дар Амрико аст. Барак Обама дар суханронии худ дар ин масҷид гуфт, ки "мо бояд бидонем, ки ҳамла ба як дин, ҳамла ба ҳама динҳо аст."

Пас аз тирандозӣ дар Калифорния ва кушта шудани 14 нафар аз сӯи як зану шавҳар дар моҳи декабри соли гузашта, Доналд Трамп, аз номзадҳои пештози Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии Амрико, дар баёнияе пешниҳод карда буд, ки вуруди мусалмонон ба Амрико муваққатан ва ба таври комил мамнӯъ шавад.

Дар ҳамин замина, чанде аз номзадҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳи низ бо тасмими ҳукумати Амрико барои пазируфтани 10 ҳазор паноҳҷӯи суриягӣ мухолифат карда ва онро яке аз омилҳои афзоиши таҳдидҳо алайҳи амнияти Амрико хонданд.

Раиси ҷумҳури Амрико дар бахши дигаре аз суханони худ гуфтааст, ки "вақте ба калисо, каниса, маъбад ё ибодатгоҳ ва масҷид фикр мекунед, хеле ба ҳам монанд ҳастанд. Ин маконе аст, ки хонаводаҳо ба онҷо меоянд, то ишқи худро ба Худованд ва ҳамнавъони худ баён кунанд."

Барак Обама дар ин суханронии худ гуфтааст, ки "агар шумо (мусалмонони амрикоӣ) аз худ мепурсед, ки оё ба инҷо тааллуқ доред (ё на), бигузоред рӯшан ва возеҳ ба унвони раиси ҷумҳури Амрико бигӯям, ки инҷо (Амрико), ҳаминҷо, хонаи шумо аст. Шумо ҳаминҷоӣ ҳастед. Шумо бахше аз Амрико ҳастед. Шумо мусалмон ё амрикоӣ нестед, балки мусалмон ва амрикоӣ ҳастед."

Вай ҳамчунин гуфт, "ман мувофиқам, ки мо амалан ба назму тартиби ахлоқӣ ниёз дорем. Биёед, назму тартиби ахлоқӣ дошта бошем. Созмонҳои шабеҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ташнаи бар ҳақ нишон додани худ ҳастанд. Онҳо худро пешвои динӣ ва муборизони роҳи ҳақ нишон дода, мехоҳанд аз номи ислом ҳарф зананд. Ман онҳоро қонунӣ намешуморам. Мо набояд онҳоро ба таври шаръӣ эътироф кунем. Онҳо аз ислом ҳимоят намекунанд. Онҳо аз мусулмонон ҳимоят намекунанд. Аксари қурбониҳои онҳо мусулмонон:марду зан ва кӯдакони бегуноҳи мусулмон ҳастанд."

Вай дар идома гуфт, "ин истилоҳ, ки “Амрико дар ҳоли ҷанг бо ислом аст, як далелро нодида мегирад, ки динҳои ҷаҳонӣ бахше аз ҳувияти мо мебошанд. Мо наметавонем бо ягон дин дар ҳоли ҷанг бошем, зеро динҳои ҷаҳонӣ як пояи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, як бахши ҳувияти миллиии мо мебошанд. Хуллас, беҳтарин роҳи мубориза бо терроризм, напазируфтани шаръияти ин гурӯҳҳост ва барои собит намудани ин гуфтаҳо, мо бояд нишон диҳем, ки мо исломро таъқиб намекунем. Мо ҳамроҳ бо мусулмонони Амрико пирӯзии онҳоро ҷашн мегирем. Ба ин васила мо нишон медиҳем, ки тарғиботи онҳо дурӯғ аст. Мо набояд фирефтаи тарғиботи террористон шавем."

Раиси ҷумҳури Амрико дар қисмате аз суханронии худ дар ин масҷид, хостори ҳузури чеҳраҳо ва шахсиятҳои мусалмон дар расонаҳои умумӣ ва телевизион шуд. Вай афзуд, ки "ва бахше аз эътирофи саҳми мусулмонони амрикоӣ ин аст, ки мо онҳоро доимо, на фақат дар замони мушкилӣ ёд кунем. Дар барномаҳои телевизионии мо, бояд нақшҳои мусулмонон бештар офарида шаванд ва на танҳо дар иртибот бо масъалаи амнияти миллӣ... Ин кор мушкил нест. Замоне амрикоиҳои сияҳрӯстро дар телевизион нишон намедоданд."

XS
SM
MD
LG