Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Охирин суханронии Барак Обама дар Маҷмааи умумии СММ


Барак Обама, президенти ИМА дар Маҷмааи умумии СММ бори охир суханронӣ кард. Вай зимни баромад аз минбари СММ гуфт, ҷаҳони муосир беш аз ҳар вақти дигар барои мубориза бо мушкилоти таърихӣ қодир аст.

Суханронии Обама дар назди иштирокдорони ҷаласаи Маҷмааи умумии СММ ҳамеша таваҷҷуҳро ҷалб мекунад. Вале ин бор тавре хабаргузории Associated Press навиштааст, мешавад онро "суруди хайрбод" дар арсаи байналмилалӣ хонд.

Обама изҳори бовар кардааст, ки роҳ ба сӯи демократия беҳтар аз роҳ ба сӯи худкомагӣ аст. Ба гуфтаи вай, матбуоти мустақил бояд қудратро назорат ва аз сӯистифодаи он пешгирӣ кунад.

"Ман фикр намекунам, ки беҳтарин намуна Амрико бошад", гуфтааст Обама. Президенти ИМА бархе кишварҳои дигарро мисол овардааст, ки дар онҳо мардум сухани худро доранд. Ӯ ҳамчунин изҳор доштааст, ки кишварҳои аврупоии блоки шӯравии пешин бо шарофати кӯшишҳояшон барои рушди демократия ба ин сатҳ расидаанд.

Барак Обама дар идома Русияро барои дахолат ба умури дохилии Украина ва Куриёи Шимолиро барои таҳдидҳои ядроияш ба ҷомеаи байналмилалӣ интиқод кардааст.

XS
SM
MD
LG