Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама дар ҷараёни сафараш ба Мянмар гуфт, ин кишвар барои расидан ба демократия роҳи дарозеро дар пеш дорад.

Барак Обама рӯзи душанбе (19-уми ноябр) ба унвони нахустин раисиҷумҳури Амрико тӯли се даҳаи гузашта вориди Мянмар (Бирма) шуд ва бо Тейн Сейн, раисиҷумҳури Мянмар ва раҳбари демократхоҳони ин кишвар Сан Су Чи дидор кард.

Мянмар пас аз ҳудуди ним қарн, ки дар контроли низомиён буд, аз соли гузашта ислоҳотеро оғоз кард ва дар пайи ин ислоҳот Сан Сун Чи пас аз понздаҳ сол аз ҳабси хонагӣ озод шуд. Маҳалли дидори рӯзи душанбеи Барак Обама ва Сан Су Чи низ дар хонае буд, ки ин раҳбари демократхоҳон тамоми ин солҳоро дар ҳабс ба сар бурда буд.

Обама нахустин раисиҷумҳури Амрикост, ки дар се даҳаи гузашта вориди Мянмар мешавад ва ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, вай рӯзи душанбе дар дидорҳои расмии худ гуфт, Мянмар барои расидан ба демократияи комил ҳанӯз роҳи дарозеро дар пеш дорад, аммо аз тааҳҳуди Иёлоти Муттаҳида барои кӯмак ба пешбурди ин раванд хабар дод.

Амрико пас аз ислоҳоти анҷомшуда дар Мянмар, бахше аз таҳримҳои иқтисодии худро алайҳи ин кишвар лағв кард ва раисиҷумҳури Амрико низ ваъда дод дар сурати идомаи раванди ислоҳот, бар сармоягузориҳои Иёлоти Муттаҳида дар ин кишвар биафзояд. Ҳукумати Мянмар аз соли гузашта нахустин бор пас аз даҳҳо сол, интихоботи озод баргузор кард ва шумори зиёде аз зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла Сан Су Чиро озод кард. Ҳизби хонум Сан Су Чи тавонист бо ширкат дар ин интихобот 81 дарсади аз курсиҳои парлумонро аз худ кунад.

Ба навиштаи хабаргузории Олмон, хонум Сан Су Чи дар дидори рӯзи душанбеи худ бо Барак Обама гуфт, бояд нисбат ба «хушбинии беш аз андоза ба пешрафти Мянмар» эҳтиёткор буд ва афзуд, «бояд эҳтиёт кунем, то ба доми сароби муваффақият наяфтем.»

Мунтақидони сафари Обама ба Мянмар мегӯянд, ин сафар «зудҳангом» аст ва ҳукумати Мянмар ҳанӯз тамоми зиндониёни сиёсиро озод накарда ва ба гуфтаи онҳо, ҳукумати феълии ин кишвар иқдомоти лозимро низ барои таваққуфи хушунатҳои пешомада миёни аксарияти буддоиӣ ва ақалияти мусалмон дар вилояти Рохини Мянмар анҷом намедиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG