Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Мардум боис шуданд, ки ман раиси ҷумҳури беҳтар шавам. ВИДЕО


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, шоми 10 январ дар шаҳри Чикаго охирин суханронии даврони раҳбариашро ироа кард. Вай дар муроҷиат ба мардум муҳимтарин дастоварди давраи президентии худро аз соли 2009 то 2017 ёдовар шуда, ба масоиле чун мубориза бо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва рақибоне ба мисли Русияву Чин низ дахл кард. Раёсати ҳаштсолаи Барак Обама, президенти 44-уми Амрико, рӯзи 20 январ ба поён мерасад.

Обама курсии президентиро бо мизони баланди қаноатмандии мардум аз кораш ба анҷом мерасонад.

Барак Обама дар ин суханронии худ созиши ҳастаии Эрон, барқарории равобит бо Куба ва қатли Усома бин Лодин, раҳбари пешини "Ал-Қоида"-ро аз дастовардҳои муҳими даврони раёсати ҷумҳурияш донист. Ӯ гуфт, "агар ҳашт сол пеш мегуфтам, Амрико қодир хоҳад буд, ки раванди бузургтарин рукуди иқтисодиро тағйир диҳад, саноати мошинсозиро эҳё кунад, тӯлонитарин даврони таъсиси ҷойҳои кориро дар таърих дошта бошад;

Агар мегуфтам, фасли тозае аз робита бо мардуми Куба боз хоҳад шуд, бидуни андохтани ҳатто як тир барномаи ҳастаии Эрон мутаваққиф хоҳад шуд;

Агар мегуфтам, мағз ва тарроҳи ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 аз байн хоҳад рафт, ҳаққи бима ё суғурта барои 20 миллион шаҳрванд таъмин хоҳад шуд, шояд он вақт мегуфтед, ки инҳо баландпарвозона аст."

Паёми худоҳофизии Президенти ИМА Барак Обама
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Раиси ҷумҳури кунунии Амрико дар ибтидои суханронии худ ба рӯзҳои зиндагиаш дар шаҳри Чикаго ҳам ишора кард ва гуфт, "вақте ба Чикаго интиқол ёфтам, ҳанӯз бистсола будам. Дар он замон дар ҷустуҷӯи ёфтани худ будам ва ҳанӯз ҳам ин талош идома дорад." Барак Обама хитоб ба мардуми Амрико гуфт, "ман ҳар рӯз аз Шумо ёд гирифтам, Шумо боис шудаед, ки ман раиси ҷумҳури беҳтар шавам, марди беҳтар шавам."

Обама дар идома гуфт, дар демократия зарур нест, ки ҳама якпорча ва якшаклу якақида бошанд. "Бунёдгузорони ин кишвар ҳам ихтилоф доштанд, вале дар ниҳоят бо якдигар мусолиҳа карданд. Онҳо интизор доранд, ки мо низ чунин кунем", - афзуд ӯ. Вай илова кард, "ҷаҳон дар даҳ рӯзи оянда шоҳиди яке аз муҳимтарин нишонаҳои демократияи мо хоҳад буд. Интиқоли қудрат аз як раиси ҷумҳуре, ки ба таври демократӣ ва озод интихоб шудааст, ба як раиси ҷумҳури мунтахаби дигар ба таври сулҳомез анҷом хоҳад шуд."

Барак Обама
Барак Обама

Барак Обама бо ишора ба таҳдидҳои террористӣ дар баробари Амрико гуфт, "ҳушёр бошем, вале натарсем. Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мардуми бегуноҳро мекушад. Аммо наметавонад Амрикоро шикаст диҳад. Магар инки дар ин ҷанг мо ба Қонуни асосӣ ва усули бунёдии худ хиёнат кунем."

Вай изофа кард, ки "рақибоне ба мисли Чину Русия наметавонанд монанди мо дар ҷаҳон таъсиргузор бошанд, магар ончиро, ки барояш мубориза мекунем, раҳо намоем. Магар инки кишвари худро ба кишвари бузурге табдил кунем, ки кишварҳои хурди атрофашро озору азият мекунад."

Обама курсии президентиро бо мизони баланди қаноатмандии мардум аз кораш ба анҷом мерасонад. Пурсишҳои афкори умум мегӯяд, ки ба тарафдории сиёсати ӯ имрӯз 55 дар сади аҳолии Амрико овоз додаанд. Мӯҳлати анҷоми ҳузури Обама дар дафтари раёсати ҷумҳурӣ 20 январ хотима меёбад ва ҳамон рӯз қарор аст дар Вашингтон маросими савгандёдкунии Доналд Трамп дар мақоми президентӣ ҳам баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG