Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама:коҳиши хароҷот дарди воқеӣ хоҳад овард


 Барак Обама
Барак Обама
Президенти ИМА Барак Обама ҳушдор додааст, ки коҳиши бемаъниву худсаронаи буҷет боиси гум шудани ҷойҳои корӣ ва зарба ба иқтисоди ИМА хоҳад шуд. Изҳороти президент Обама дар ҳоле пахш шудааст, ки шоми ҷумъа коҳиши автоматии хароҷоти давлатии ИМА ба ҳукми иҷро даромад. Рӯзи ҷумъа баъди мулоқот бо гурӯҳе аз вакилони Конгресс президент Обама дар Қасри Сафед гуфт, ки “дарду алам аз ин коҳиши хароҷот воқеӣ” хоҳад буд.
Коҳиши хароҷоти давлатии ИМА, ки бо номи секвестр маълум мебошад, дар соли равон ба 85 миллиард долар баробар хоҳад буд, зеро Қасри Сафед ва конгресменҳои ҳизби ҷумҳурихоҳ созише дар мавриди қарзи давлатӣ ҳосил накарданд. Қарзи давлатии ИМА ба 11 триллиону 700 миллиард доллар баробар аст. Ду сол пеш ҳайатҳои ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ мувофиқат карда буданд, ки агар онҳо созиши наве ҳосил накунанд, ҳар сол хароҷоти ҳукумат ба миқдори муайян коҳиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG