Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Обама аз созиши ҳастаии Эрон -- сулҳ ё ҷанг?


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Мак Коннелл, раҳбари аксарияти ҷумҳурихоҳ дар Сенати Амрико аз Барак Обама хост, ки мавқеашро дар баробари мухолифони созиш бо Эрон тағйир диҳад.

Cенатор Мак Коннелл, раҳбари аксарияти ҷумҳурихоҳ дар сенати Амрико, аз изҳороти Барак Обама дар бораи созиши ҳастаӣ бо Эрон интиқод кард. Ӯ аз президенти Амрико хост, ки мавқеашро дар баробари мухолифони ин созиш тағйир диҳад.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, сенатор Мак Коннелл гуфт, раисиҷумҳур Барак Обама дар суханронии рӯзи чаҳоршанбе "иштибоҳи бузурге" кардааст. Барак Обама рӯзи 5 август дар суханронии худ дар Донишгоҳи Амрикани Вошингтон ҳушдор дод, ки агар Конгресс тавофуқ бо Эронро рад кунад, эътибори Амрико ба унвони раҳбари дипломатияи ҷаҳон аз байн хоҳад рафт.

Раисиҷумҳури Амрико гуфта буд, бо радди созиши ҳастаӣ дар Конгресс, танҳо гузинае, ки боқӣ мемонад, ҷанг аст ва изофа кард, ки "бо калимот бозӣ накунем, танҳо гузинаҳое, ки дар ниҳоят рӯбарӯ ҳастем, интихоб байни дипломатия ё навъе аз ҷанг аст."

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, Мак Коннелл гуфтааст, ки Барак Обама то ҳоло ба масъалаи созиши ҳастаии Эрон мисли як корзори сиёсӣ рафтор кардааст. Раҳбари аксарияти ҷумҳурихоҳон ба таври ошкор гуфтааст, ки раисиҷумҳури Амрико бояд мавзӯи созиши ҳастаӣ бо Эронро ҳамчун баҳс ва масъалаи ҷиддӣ дар хусуси амнияти миллии ин кишвар пайгирӣ мекард, на монанди корзори сиёсӣ.

Намояндагони Конгресси Амрико бояд то 17 сентябри соли ҷорӣ ба созиши ҳастаии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ раъйи мусбат ё манфӣ диҳанд ё тасмим бигиранд, ки раъй надиҳанд. Ҷумҳурихоҳон, ки аксарияти Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрикоро дар ихтиёр доранд, бо ин созиш мухолиф ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, тақрибан дақиқ шудааст, ки Конгресс тавофуқ бо Эронро рад хоҳад кард ва Барак Обама низ раъйи намояндагони Конгрессро вето хоҳад кард. Ин гузориш меафзояд, акнун масъала ин аст, ки оё Барак Обама ба андозаи кофӣ аз ҳимояти демократҳо дар Сенат бархӯрдор хоҳад буд, ки монеи радди ниҳоии созиши ҳастаӣ дар Конгресс мешавад. Дар ҳамин ҳол, тайи ҳафтаҳои ахир ҷумҳурихоҳон аз ҳар фурсат барои интиқод аз созиши ҳастаӣ бо Эрон истифода кардаанд.

Сенатор Тед Круз, яке аз номзадҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳ барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст, ки созиш ҳукумати Барак Обамаро "ба муҳимтарин пуштибони молии террористҳои ифротии исломгаро" табдил мекунад.

Дар ҳамин ҳол раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ созиши ҳастаиро дастоварде номид, ки ба коҳиши шиддат миёни Теҳрон ва Вашингтон мусоидат кард. Ҳамзамон дар матбуоти Эрон аз он сӯҳбат мешавад, ки то расидан ба созиши Вена ҳукуматҳои Амрико ва Эрон гуфтушуниди махфиеро пеш мебурданд ва сар аз соли 2011 ба воситаи дипломатҳои уммонӣ байни раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ мукотибаи махфӣ ҷараён дошт.

XS
SM
MD
LG