Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Обама ба оштии давлатҳои арабӣ бо Эрон


Барак Обама ва малик Салмон

Барак Обама ва малик Салмон

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама зимни сафараш ба Арабистони Саудӣ ин кишвар ва кишварҳои дигари халиҷи Форсро ба оддӣ сохтани танишҳои ахирин ин кишварҳо бо Эрон даъват мекунад.

Кохи Сафед гуфт, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама зимни сафараш ба Арабистони Саудӣ ва кишварҳои халиҷи Форс ин кишварҳоро ба оддӣ сохтани танишҳои шадиди ахирашон бо Эрон даъват мекунад. Обама гуфт, ӯ мехоҳад кишварҳои аксаран суннинишини халиҷи Форсро аз ҳолати “ҷанги сард” ба эҷоди “сулҳи сард” бо Эрони аксари аҳолиаш пайрави мазҳаби шиъа ташвиқ диҳад, то тарафҳо танишҳои мазҳабиро коҳиш дода, барои тамаркузи ҳарду ҷониб ба таҳдиди бузургтари ношӣ аз созмони тундрави “Давлати исломӣ” роҳ бикушоянд.

Аммо дар ҳоле ки Барак Обама ин мавзӯи ҳассосро дар мулоқоташ бо малики Саудӣ Салмон мустақиман матраҳ накард, мушовиронаш мегӯянд, Обама рӯшан кард, ки кишварҳои суннӣ бояд дар “ҳусни ҳамҷаворӣ” бо Эрон ба сар баранд. Кохи Сафед мегӯяд, “раисиҷумҳури Амрико ва малик Салмон чолишҳои ношӣ аз фаъолиятҳои иғвобарангези Эрон дар минтақа баҳс карда, рӯи аҳамияти рӯйкарди фарогир дар амри рафъи низоъҳои минтақавӣ тавофуқ карданд.”

Рақобати шадид байни Эрон ва Арабистони Саудиву шариконаш дар халиҷи Форс бахусус дар як соли охир тавсиаи бесобиқае пайдо карда, тақрибан ҳамаи соҳот – сар карда аз футболу тавлиди нафт то ҷангҳо дар Сурияву Ироқ ва Яманро фаро гирифтааст.

Амрико дар ҷумлаи 6 қудрати ҷаҳонӣ аз гурӯҳи “5+1” буд, ки моҳи июли соли гузашта бо Эрон дар масъалаи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш ба муомила даст ёфтанд. Тибқи ин муомила, Эрон барномаҳои ғанисозии уранашро маҳдуд карда, корхонаҳои ҳастаияшро зери назорати нозирони байналмилалӣ мегузорад. Дар иваз, қудратҳои ҷаҳонӣ таҳримоти байналмилалие, ки алайҳи Эрон ба далели барномаҳои машкуки ҳастаияш ҷорӣ шуда буд, сабуктар мекунанд.

Эрон бар асоси ин муомила алакай ҳаққи содироти нафташ ба Ғарбро ба даст овард, вале оғози содироти нафт боз як мояи таниши Теҳрон бо кишварҳои халиҷ ва Арабистони Саудӣ – тавлидкунандаҳои умдаи нафти дунё шудааст. Дар ҳафтаи гузашта кишварҳои тавлидкунандаи нафт дар Доҳаи Қатар натавонистанд ҷиҳати маҳдуд кардани ҳаҷми тавлидоти нафт ва ба ин васила, гирифтани пеши роҳи уфти нархи ин навъи маводи сӯхт ба тавофуқ бирасанд. Як сабаби аслӣ худдории Эрон аз ширкат дар анҷумани Доҳа буд. Эрон гуфт, то замоне ки ҳаҷми тавлидоти нафташро ба сатҳи то замони эълони таҳримот нарасонад, тавлиди нафтро маҳдуд намекунад. Кишварҳои арабӣ ба ин далел ки Эрон тавлиди нафтро кам намекунад, низ пешниҳоди маҳдуд кардани ҳаҷми тавлидотро рад карданд.

Шӯришиҳои ҳусӣ дар Яман

Шӯришиҳои ҳусӣ дар Яман

Аммо баҳси тавлидоти нафт танҳо мояи ихтилофи назарҳо байни Теҳрон ва давлатҳои арабӣ нест. Арабистони Саудӣ Эронро ба дахолати ошкор дар Сурияву Ироқ, таъмини силоҳи шӯришиён аз қабилаи ҳусиҳои пайрави мазҳаби шиъа дар Яман ва аксарияти шиъа дар Баҳрайн айбдор мекунанд. Эрон ба навбаи худ Саудияву кишварҳои халиҷро ба ҳимоят аз созмонҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ун-нусра” муттаҳам мекунад.

Ҳасани Шариатмадорӣ, таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар Олмон рӯзи 21 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо чунин собиқаи танишҳои гӯё “оштинопазир” гумон аст, ки Барак Обама битавонад ба оштӣ додани давлатҳои арабӣ бо Эрон муваффақ шавад: “Ба назар намеояд, ки бо насиҳати Барак Обама ё ҳатто бо дахолаташ ин танишҳо аз байн бираванд. Чунки ин танишҳо собиқаи беш аз сисола доранд ва дар солҳои охир ба авҷи худаш расида, ҳоло равобити Эрон бо Арабистони Саудӣ ва кишварҳои халиҷ дар як ҳолати нобасомоне қарор гирифтаанд. Саудӣ мегӯяд, ки шарти оддӣ сохтани равобит қатъи дахолати Эрон дар умури кишварҳои арабист. Аммо Эрон дахолаташро дар Яман рад мекунад ва дар мавриди Сурияву Ироқ мегӯяд, ки мо бо даъвати ҳукуматҳои қонунии он кишварҳо ба онҷо рафтем. Башор Асад аз мо хоста, давлати Ироқ аз мо хоста. Саудӣ аммо муддаист, ки Эрон ба ҳусиҳо дар Яман аслиҳа мерасонад, дар Баҳрайн дахолат мекунад, ба кумаки Башор Асаду шиъаҳои Ироқ нирӯ мефиристад. Эрон ба навбаи худ Саудиро муттаҳам мекунад, ки дар умури ҳамаи кишварҳои минтақа дахолат дорад ва ба нирӯҳои “такфирӣ”, ки Эрон гурӯҳҳое, чун “Давлати исломӣ” ё “Ҷабҳат-ун-нусра”-ро чунин ном мебарад, кумаки молӣ ва аслиҳа медиҳад.”

Дар чунин шароити айбдоркуниҳои якдигар, ба ақидаи ин таҳлилгар, баъид ба назар мерасад, ки таниши байни Эрон ва давлатҳои арабӣ дар кӯтоҳмуддат, ҳадди ақал то анҷоми давраи раёсати Барак Обама, ки моҳи январи соли 2017 курсии раёсатҷумҳурии Амрикоро холӣ мекунад, рафъ шаванд. Аммо Ҳасани Шариатмадорӣ мегӯяд, чолишҳои ҷиддие, чун афзоиши хатари “Давлати исломӣ” ва ҳамин тавр, бӯҳрони Сурияву Яман, масъалаи нархи нафт ва дигар масоили доғи минтақаи Ховари Миёна кишварҳои арабӣ ва Эронро ночор ба ҷустуҷӯи муомилаҳое ба хотири рафъи ихтилофоти назарашон мекунад: “Таҳаввули ҳодисот нишон медиҳад, ки ҳеҷ ҷанге дар сатҳи ҷанги ниёбатӣ (нима) нахоҳад монд, балки дар ниҳоят метавонад ба ҷангҳои тамомулиёре мунҷар шавад, ки тамоми Ховари Миёнаро ба оташ хоҳад кашонд. Чунин сӯхтори бузург дар минтақа ба манфиати на Теҳрон аст ва на давлатҳои арабӣ.”

Арабистони Саудӣ, ки як муттаҳиди калидии Амрико дар минтақа ба шумор меравад, то ҳол ба ташаббусҳои маъмурияти Обама ҷиҳати хуб кардани равобиташ бо Теҳрон алоқаи гарме нишон надодааст.

Барак Обама, ки дирӯз вориди Саудӣ шуд, рӯзи 21 апрел дар Риёз – пойтахти Арабистони Саудӣ бо намояндагони аршади 6 кишвари халиҷи Форс, ки узви Шӯрои ҳамкории халиҷанд, мулоқот мекунад. Ин созмони минтақавӣ Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Кувайт, Умон ва Баҳрайнро муттаҳид мекунад. Шоми 21 апрел Обама Арабистони Саудиро ба қасди Олмон ва Бритониё – ду нуқтаи ниҳоии сафари кунуниаш тарк мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG