Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо фиристодани 1500 сарбози дигари амрикоӣ ба Ироқ мувофиқат кард.

Рӯзи ҷумъа Кохи Сафед эълон кард, ки бо таваҷҷуҳ ба стратегияи Амрико барои тақвияти ҳамроҳони худ, Барак Обама раиси ҷумҳури он кишвар иҷозаи фиристодани 1500 сарбози дигари амрикоӣ ба Ироқро содир кардааст.

Ҳукумати Барак Обама ҳамчунин аз Конгресс дархост хоҳад кард, ки 5,6 миллиард доллар барои анҷоми амалиёти низомӣ дар Ироқ ва Сурия аз будҷа ҷудо намояд, ки 1,6 миллиард доллар аз ин маблағ барои омӯзиши нерӯҳои ироқӣ ва таҷҳизи он сарф мешавад.

Бар пояи эълони Кохи Сафед, нерӯҳои амрикоӣ ба таври мустақим даргири ҷанг нахоҳанд буд, балки ба омӯзиш ва машварати нерӯҳои амниятии Ироқ ва нерӯҳои курд машғул мешаванд.

Дар ин ҳол Пентагон эълом кардааст, ки фиристодани ин нерӯҳо пешниҳоди Чак Ҳегел, вазири дифои Амрико буда, ки бо дархости ҳукумати Ироқ ва назари фармондеҳии марказии Амрико матраҳ шудааст. Ба гуфтаи Пентагон, фиристодани ин нерӯҳо ба Ироқ ҳамзамон бо пешрафти тарҳи эътилоф алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ барои дифоъ аз минтақаҳои калидӣ ва ҳуҷум ба ин мавзеъҳои ин гурӯҳ шудааст.

Хабаргузории Франс-пресс дар гузориши худ аз қавли як мақоми низомии амрикоӣ, ки нахостаст номаш ифшо шавад, мегӯяд, бархе аз мушовирони амрикоӣ дар вилояти Анбор мустақар хоҳанд шуд. Ҷое, ки нерӯҳои ироқӣ маҷбур ба ақибнишинӣ дар баробари ҳуҷумҳои гурӯҳи Давлати исломӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, теъдоде аз ин нерӯҳои амрикоӣ давоми чанд ҳафтаи оянда вориди хоки Ироқ хоҳанд шуд.

Бо ин ҳол Пентагон эълом кардааст, ки макони омӯзиши нерӯҳои ироқӣ ва курд шимол, ғарб ва ҷануби Ироқ хоҳад шуд ва эътилофи байналмилалӣ алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ дар ин ҷойҳо бо нерӯҳои амрикоӣ хоҳанд пайваст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG