Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: “Амали Петреус ба амнияти миллӣ зарба назадааст”


Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида

Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида

Раисиҷумҳури Амрико дар нишасти хабарии худ дар бораи мушкили Петреус, Эрон, Сурия ва андози сарватмандон гуфт.

Дар аввалин нишасти матбуотӣ, пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико, Барак Обама гуфт, ҳеҷ шаҳодате дастрас нашудааст, ки қазияи ишқварзии генерал Дэвид Петреус ба амнияти миллӣ зарба зада бошад.

Нуҳуми ноябр, баъд аз ошкоршавии равобити ғайришаръии генерал Петреус бо хабарнигор Пола Бродвел, ин фармондеҳи собиқадори ҷанги Ироқу Афғонистон аз мансаби раиси Идораи марказии кашфи Иёлоти Муттаҳида истеъфо дод. Ҳоло муфаттишон таҳқиқ доранд, ки оё ягон санади махфӣ ба дасти Бродвел расида буд ё не.

Бо ин ҳол, президент Обама ба корномаи Петреус баҳои баланд дода гуфт, “ӯ дар Ироқ, Афғонистон ва Идораи марказии кашфи Амрико бо садоқат ба ватанаш хидмат кардааст. Бар пояи арзёбии шахсии худаш, ӯ бо ишора ба мушкилиҳои шахсӣ бо оила ва ҳамсараш итминон дорад, ки ба меъёрҳои зарурӣ барои раиси Идораи марказии кашфи Амрико ҷавобгӯ нест.”

Дар идомаи сӯҳбат бо хабарнигорон дар Вашингтон, президент Обама гуфт, дар таҳқиқи ҳамлаи 11-уми сентябри соли 2012 болои консулгарии Амрико дар Бенғозии Либия маъмурияти зери раҳбарии ӯ бо Конгресс ҳамкорӣ дорад. Ҷои ёдоварист, ки як ҳайати Қасри Сафед ҳам ин ҳамларо, ки боиси марги Кристофер Стивенс, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Либия ва се дипломати дигари амрикоии мустақар дар ин кишвар гардиааст, таҳқиқ дорад ва тахмин мешавад, ки масъулияти ҳамла бар дӯши созмонҳои даҳшатафкани марбут бо ал-Қоида аст.

Сипас президент Обама дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ҳарф зад. Ӯ дар ин маврид гуфт, “мо ба Эрон имкон надеҳидем, ки соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад, вале фикр мекунам, ҳоло равзанаи вақтӣ барои ҳалли дипломатии ин баҳс вуҷуд дорад. Мо шадидтарин таҳрим дар таърихро рӯи Эрон бор кардаем. Он ба иқтисоди Эрон таъсир мегузорад. Онҳо бояд роҳе пайдо намоянд, ки аз истифодаи осоиштаи нерӯи ҳастаӣ баҳраманд шуда, ҳамзамон тибқи ӯҳдадориҳояшон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ кафолат диҳанд, ки дар пайи тавлиди силоҳи ҳастаӣ нестанд.”

Раисиҷумҳури Амрико иброз дошт, ки Вашингтон дар ҳоли ҳозир ба эътирофи мухолифини Сурия ҳамчун ягона намоядаи расмии мардуми ин кишвар омода нест. Дар охир Барак Обама ба масъалаҳои дохилӣ, аз ҷумла боло бурдани андози амрикоиҳои сарватманд рӯ оварда, хотирнишон кард, ки дар рӯзи интихобот аксари раъйдиҳандагони ин кишвар бо пешниҳоди ӯ мувофиқат карданд.
XS
SM
MD
LG