Пайвандҳои дастрасӣ

“New York Times” дар бораи 4 қасри марбут ба Лола Каримова дар Лос-Анҷелес


 Қасри 58-миллиондолларии “Le Palais” дар Лос-Анҷелес

Қасри 58-миллиондолларии “Le Palais” дар Лос-Анҷелес

“New York Times” дар бораи чор қасри чандмиллиондолларии марбут ба духтари дувуми президенти Узбакистон Лола Каримова – Тиллоева дар шаҳри Лос-Анҷелес хабар додааст.

Рӯзномаи амрикоии “New York Times” дар як гузориши таҳқиқотӣ, ки рӯзи 15 декабр дар саҳифаи аввали ин нашрия чоп шуд, аз вуҷуди 4 қасри чандмиллиондолларии марбут ба Лола Каримова – Тиллоева, духтури дувуми раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар як маҳаллаи манзилҳояш хеле гаронбаҳо дар канори шаҳри Лос - Анҷелеси Амрико хабар дод.

Дар тобистони соли 2013 Лола Каримова – Тиллоева як қасри пуршукӯҳи мавсум ба “Le Palais”-ро, ки ба соҳибкори маъруфи муқими Лос-Анҷелес Муҳаммад Ҳадид тааллуқ дошт, ба қимати рекордии 58 миллион доллар харида буд. Ин хабар ду сол пеш дар сархати бисёре аз расонаҳои Амрикову Аврупо қарор гирифта буд. Бисёриҳо дар Ғарб ва ҳам дар Узбакистон баъди ин савдои рекордӣ суолеро матраҳ мекарданд, ки Лола Каримова – Тиллоева, ки расман дар як мақоми дипломатии Узбакистон кор мекунад, аз куҷо барои харидани чунин қасри гаронбаҳо пул пайдо кардааст?

Аммо таҳқиқоти нави “New York Times” нишон медиҳад, ки “Le Palais” танҳо қасри марбут ба духтари дувуми президенти Узбакистон дар Лос - Анҷелес нест, балки дар ин шаҳр се қасри дигар ҳам ба ӯ рабт доранд.

Таҳқиқоти рӯзномаи бонуфузи амрикоӣ асосан рӯи тарҳи нави сохтмонии Муҳаммад Ҳадид дар маҳаллаи Бел Эйр дар канори Лос - Анҷелес тамаркуз кардааст. “New York Times” достони комёбиҳои ин муҳоҷир аз сарзаминҳои фаластинӣ ва чигуна ба яке аз соҳибкорони пештоз дар риштаи сохтмони қасрҳои гаронбаҳову пуршукӯҳ дар Лос-Анҷелес табдил ёфтани ӯ қисса мекунад.

Бино ба ин таҳқиқот, як далели муваффақияти Ҳадид ҷалби сармоягузорон аз Арабистони саудист ва далели дигараш – истифодаи афзоянда аз ширкатҳои “шелл” аст, ки дар амри харидани манзилу молу мулк дар Амрико ва аз ҷумла дар Лос-Анҷелес барои харидорон имтиёзҳои вижаеро қоиланд. Коршиносони “New York Times” гуфтаанд, чунин ширкатҳои масъулияташон маҳдуд асосан аз сӯи хориҷиёне, ки мехоҳанд дар Амрико манзил ё молу мулк бихаранду вале намехоҳанд номашон ошкор шавад, истифода мешаванд.

Дар байни мизоҷони хориҷии қасрҳои пуршукӯҳи Муҳаммад Ҳадид, сар карда аз қасри “Palazzo di Amore”, ки 195 миллион доллар арзиш дорад, то қасрҳои “арзонтар”-е, чун “Crescent Palace”, ки бо номи “Le Palais” ҳам маъруф аст, фарзандон ва шарикони наздики бархе ҳокимони бадномаи қораҳои Осиёву Африқо ва ҳамин тавр мансабдорону фаъолу собиқи баландпоя дида мешаванд.

Бино ба таҳқиқоти “New York Times”, яке аз чунин мизоҷони хориҷии хеле сарватманди Ҳадиди духтари дувуми президенти Узбакистон Лола Каримова – Тиллоева аст, ки қасри гаронбаҳои “ Le Palais”-ро аз ҳамин соҳибкор тавассути ширкатҳои “шелл” харидааст.

Нашрия менависад: “Дар поёни теппа “Le Palais” истодааст. Қасре бо кӯли қувон ва ҳаммоми туркӣ бо сутунҳои мисрии бо даст аз оҳак бунёдшуда, ки онро ширкати шелли марбут ба ҷаноби Ҳадид ба ширкати шелли марбут ба Лола Каримова - Тиллоева, духтари президенти Узбакистон фурӯхтааст. Хонаводаи Каримов дар чандин кишвар бо иттиҳоми фасод таҳти таҳқиқ қарор дорад.”

Муаллифони таҳқиқот меафзоянд, “мақомоти интизомӣ ва гурӯҳҳои мубориза бо фасод нигаронанд, ки бисёре аз харидорони хориҷӣ дар асл мехоҳанд дороиҳои худро дар бахши манзили Амрико ҳифз бикунанд. Бархеи онҳо ширкатҳои шеллро барои пинҳон кардани даромадҳои ғайриқонуниашон истифода кунанд. Ва ин ҳам бо вуҷуди қонунҳои бонкие, ки ҳаракати маблағҳои бузург аз сӯи мақомоти давлатии хориҷӣ, аъзои хонаводаҳо ва шарикони наздики онҳоро бояд зери наззора бигирад.”

Бархе аз сокинони минтақаи Бел Эйри Лос-Анҷелес низ айни нигарониро доранд.

“New York Times” аз Беатриз Ҳорачек, як корманди собиқи бонк, ки собиқаи таҳқиқи мавридҳои шустушӯи пулро дорад, нақли қавл мекунад. Ҳорачек дар номаи худ ба додситони шаҳр навиштааст, далоили зиёде дар собиқаи фаъолиятҳои Муҳаммад Ҳадид ӯро нисбат ба ин соҳибкор машкук кардааст. Ӯ аз ҷумла бо ишора ба фурӯши “Le Palais” ба духтари президенти Узбакистон дар номааш ба додситони Лос – Анҷелес навиштааст, “тиҷорати манзил як василаи хуби шустушӯи пул ва сарпечӣ аз пардохти андозҳост, бавижа агар ин молу мулк бо пули нақд ваё тавассути муассисаҳое, ки барои пинҳон кардани номи молики нав, бахусус харидорони хориҷӣ аз кишварҳои таҳти риски баланд харидуфурӯш шаванд. Ман намегӯям, ки ҷаноби Ҳадид ба пулшӯӣ ваё сарпечӣ аз пардохти андоз машғул аст, вале дар аъмоли ӯ рангҳои сурхи зиёде ба таври рӯшан дида мешаванд.”

Лола ва Гулнора Каримоваҳо

Лола ва Гулнора Каримоваҳо

Лола Каримова – Тиллоева, ки боз 3 манзили чандмиллиондоллариро дар атрофи Лос-Анҷелес ба номи ӯ рабт медиҳанд, расман ба ягон кӯтоҳӣ айбдор нашудааст. Вакили ӯ гуфт, Лола Каримова –Тиллоева ва шавҳари вай “ҳамеша дар чорчӯби қонун кор мекуннад ва аз робитаҳои хонаводагиашон даромад намегиранд.

Дар соли 2013 Лола Каримова –Тиллоева дар мусоҳиба бо бахши узбакии ББС дар Женеваи Швейтсария манзил доштанашро эътироф кард, вале гуфт, намедонад, 46 миллион доллар нархи ин манзилро аз куҷо гирифтаанд? Ӯ гуфт, ин мазил маҳалли асосии иқомати хонаводаи онҳост ва барои хариданаш онҳо тамоми молу мулки худ, ба истиснои як манзил дар шаҳри Тошкандро фурӯхтаанд, вале ин танҳо барои супурдани панҷяки пули ин хона кифоят кардааст: “Мо 18 фоизи пули хонаамон дар Женеваро додем ва бақияро аз бонк қарз гирифтем.”

Дар посух ба суоли бахши узбакии Радиои Озодӣ дар бораи то куҷо воқеъият доштани гузориши ахири “New York Times”, вакили Лола Каримова – Тиллоева дар Флоридаи Амрико ин гузоришро мустақиман рад накард, балки ин посухи расмиро ба Озодӣ фиристод: “Матлаби “The New York Times” бар асоси ҳадсзаниҳост, на фактҳо. Тимур ва Лола ҳамеша дар чорчӯби қонун амал мекунанд. Натиҷагириҳо бар асоси ин матлаб ва тахминҳо дар бораи харидуфурӯши манзил хатост.

Расонаҳо гузориш додаанд, ки хоҳари Лола – Гулнора Каримова дар чандин кишвар таҳти тафтиш қарор дорад. Вале мизоҷони ман таҳти ягон навъ тафтиш қарор надоранд. Хонум Тиллоева дар мусоҳибаи соли 2013-аш бо ББС инро рӯшан карда буд ва мо бори дигар такрор мекунем, ки ӯву Тимур аз робитаҳои хонаводаи ӯ даромаде надоранд. Тавре ӯ гуфт, шаврҳараш дар як ширкати тиҷоративу нақлиятӣ саҳмия дорад ва тавре афзуд, Тимру ҳеҷ гоҳ дар музоядаҳо ширкат накардааст ва бо захираҳои саноати миллӣ, ба мсили газ ё пахта рабте надорад. Ширкати Тимур тибқи тамоми қоидаҳо кор мекунад ва даст ба сарпечӣ аз пардохти андоз намезанад ва мақоми монополия надорад.”

Аҳли хонаводаи Ислом Каримов

Аҳли хонаводаи Ислом Каримов

Президенти Узбакистон ду духтар дорад. Алайҳи ширкатҳои марбут ба духтари калонии ӯ Гулнора ва шариконаш дар Амрико ва Шветсияву Швейтсария таҳқиқот бо иттиҳоми фасод идома дорад. Аммо ба фарқ аз хоҳараш Лола Тиллоева – Каримова бештар кӯшиш мекунад, то зиёд дар мазҳари ом намудор нашавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG