Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи шаҳри Ню-Йорки Амрико таҳқиқи парвандаи 850 миллион доллар ришваи гӯё марбут ба Гулнора Каримова ва наздиконашро муваққатан боздошт.

Додгоҳи федеролии ҳавзаи ҷанубии шаҳри Ню-Йорки Амрико таҳқиқи парвандаи 850 миллион доллар ришваи гӯё марбут ба Гулнора Каримова ва наздиконашро муваққатан боздошт.

Танаффус дар таҳқиқи парванда бо дархости мақомоти ИМА ва Ӯзбекистон эълон шуд, то ду кишвар тавонанд, сарнавишти садҳои миллион доллари суратҳисобҳои бонкиро бе муҳокимаи додгоҳӣ ҳал кунанд.

Сухан аз 850 миллион доллари ИМА меравад, ки 550 миллиони он дар Швейтсария ва 300 миллиони дигар дар ИМА, Ирландия, Люксембург ва Белгия нигаҳдорӣ мешаванд. Ин пулҳо гӯё ба духтари калонии Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон дахл доранд.

Барои баргардонидани пулҳо мақомоти Ӯзбекистон ширкати вакилони дифоъ Holwell Shuster&Goldberg - ро киро карданд. Вакилони ин ширкат мактуберо бо имзои вазири адлияи Ӯзбекистон ба додгоҳ расонидаанд.

Дар мактуб гуфта шудааст, ки 850 миллион доллари ИМА ба Ӯзбекистон тааллуқ доранд ва кишвар бевосита қурбони амалҳои ҷиноятии бархе аз соҳибкорон шудааст. Аммо дар ин мактуб номи Гулнора Каримов зикр намешавад.

Амрико духтари президентро ба додгоҳ кашид

Вазорати адлияи Амрико Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон ва шариконашро ба додгоҳи Манҳеттени Ню Йорк кашидааст. Хабаргузории Bloomberg мегӯяд, шикояти Вазорати адлия рӯзи 21 апрел ба додгоҳ ворид шуда, Амрико Гулнораву шариконашро дар иҷро накардани тақозои он кишвар дар мавриди пардохти маблағ аз ҳисоби 550 миллиондоллариаш дар бонки Швейтсария муттаҳам кардааст.

Ба қавли додситонҳое, ки бо даъво ба додгоҳи федоролии Манҳеттен муроҷиат кардаанд, Гулнора Каримова ва шариконаш моҳи феврали соли ҷорӣ ба аризаҳои шикоятӣ дар мавриди се ҳисоби бонкӣ посух надодаанд.

Дар ин даъво номи Гулнора Каримова зикр нашуда ва дар он "ба як пайванди мақомоти баландпояи расмӣ дар ҳукумати Узбакистон" додани ришва таъкид гардидаст. Аммо дар шикояти Вазорати адлияи Амрико ба додгоҳ исми Гулнора Каримова ва шариконаш оварда шудааст.

Ин қазия ба парвандаи фасод алайҳи ширкати VimpelCom, воқеъ дар шаҳри Амстердам рабт доштааст. Ширкати VimpelCom иброз доштааст, ки омодааст барои қатъи парванда алайҳи шӯъбаи Unitel-и ин ширкат дар Узбакистон ба идораҳои назоратии Амрико ва Ҳолланд ба миқдори 795 миллион доллар ҷарима пардохт кунад.

Вазорати адлияи Амрико ба ғайр аз Гулнора Каримова 6 нафари дигар ва ду ширкат, аз ҷумла ширкати дар Гибралтар сабтиномшудаи Takilant Ltd-ро низ ба додгоҳ кашидааст. Ин вазорат ба "мансубияти ширкати Takilant ба пайвандони раиси ҷумҳури Узбакистон" ишора кардааст.

​Дар моҳи январи соли ҷорӣ давлати Узбакистон зимни як нома ба давлати Амрико ба зарурати ба ин кишвар бозгардондани маблағҳои аз ҷониби ҷинояткорон ғасбшуда таъкид карда буд.

Дар ин нома, ки бо имзои Музраф Икромов, вазири адлияи Узбакистон ирсол шуда буд, дар миёни ҷинояткорон номи Гулнора Каримова зикр нашуда, аммо шарикони наздики ӯ Рустам Мадумаров ва Гаяне Авакян ҷинояткор унвон шудаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории Bloomberg, то ҳол дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Узбакистон ва сафорати ин кишвар дар Вашингтон дар бораи шикояти Вазорати адлияи Амрико ба додгоҳ ибрози назар накардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG