Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраи ҷанҷолбарангези интихоботи Афғонистон истеъфо дод


Муҳаммадюсуф Нуристонӣ.

Муҳаммадюсуф Нуристонӣ.

Муҳаммадюсуф Нуристонӣ, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон аз мақомаш истеъфо додааст.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 26-уми март эълон кард, ки Муҳаммадюсуф Нуристонӣ, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон аз мақомаш истеъфо додааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон сабаби истеъфои оқои Нуристониро "вазъияти бӯҳронии Афғонистон ва ниёз барои беҳбуди он", гуфтааст. Яке аз сухангӯёни раёсати ҷумҳури Афғонистон дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навиштааст, ки президент Ашрафғанӣ Аҳмадзай истеъфои оқои Нуристониро қабул кардааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан оқои Нуристонӣ гуфта буд, ки то поёни шаш соли масъулияташ аз ин мақом канор нахоҳад рафт. Вай ҳудуди се сол қабл раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон таъйин шуда буд. Ӯ борҳо тасмими ҳукумат дар мавриди ислоҳоти низоми интихоботӣ ва тағйири масъулони ин комиссияро ғайриқонунӣ хонда ва гуфта буд, ба касе иҷозаи мудохила дар корҳои ин комиссияро нахоҳад дод.

Иттиҳодияи Аврупо, ки таъминкунандаи асосии хароҷот интихоботҳо дар Афғонистон мебошад, қаблан эълон карда буд, ки то ислоҳот фарогир дар низомии интихоботии он кишвар анҷом нашавад, барои баргузории интихобот сармоягузорӣ нахоҳад кард.

Муҳаммадюсуф Нуристонӣ яке аз чеҳраҳои ҷанҷолбарангезӣ ду соли ахир дар саҳнаи сиёсии Афғонистон ба шумор меравад. Ба дунболи интихоботи ҷанҷолии президентӣ дар соли 2014, шуморе аз гурӯҳҳои сиёсӣ, аз ҷумла ситоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ оқои Нуристонӣ ва Зиёулҳаққ Амархел, раиси дастгоҳи ин ниҳоро ба тақаллуби густурда дар интихоботи президентӣ муттаҳам карданд. Ин интихобот, ки Афғонистонро дар вартаи як ҷанг ва нооромӣ қарор дод, ба ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ анҷом ёфт.

Доктор Абдуллоҳ, вазири собиқи хориҷаи Афғонистон дар даври аввали интихобот, ки рӯзи 5 апрели соли 2014 доир шуда буд, аз байни 8 номзад бо касби 45 дарсади оро пешсаф шуд. Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар даври аввал ҳамагӣ 31 дарсад раъй ба даст оварда буд.

Дар даври дувуми интихобот Залмай Расул, ки 11 дарсад, Абдураб Расули Сайёф, ки беш аз 7 дарсад ва Гулоғо Шерзай, ки беш аз ду дарсади орои интихобкунандагонро дар даври авал ба даст оварда буданд, аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ пуштибонӣ карданд. Вале дар даври дувум, ки 14 июни ҳамон сол доир шуд, мақомоти интихоботӣ ба Аҳмадзай 56 дарсади овозҳо ва ба Абдуллоҳ ҳамагӣ 43 дарсад раъйро нисбат доданд.

Ин натиҷаҳо мунҷар ба эътирози тунди доктор Абдуллоҳ ва тарафдорони ӯ шуд. Танҳо бо мусоидати миёнҷиҳои хориҷӣ, аз ҷумла вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ, ки чанд барои музокира бо номзадҳо ба Кобул сафар кард, қарор шуд, то ҳукумати ваҳдати миллӣ эҷод шавад ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар симати президент ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мақоми раиси иҷроия ё нахуствазир, қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG