Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаридуни Хуршед 4400 сомонӣ ҷарима шуд


Фаридуни Хуршед, овозхони тоҷик аз сӯи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳо, ба миқдори 4400 сомонӣ ҷарима шудааст. Як манбаъ аз Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 26 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ ҳукми худро дар ин робита рӯзи гузашта эълон кард. Фаридуни Хуршед барои баргузории “гаҳворабандон”-и пурдабдабаи духтараш Закия айбдор мешавад. Ин парванда аз сӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба додгоҳ пешниҳод шуда буд.

Мақомоти Кумитаи дин мегӯянд, ки Фаридуни Хуршед моддаи 9-и қонуни танзими ҷашну маросимҳоро нақз кардааст. Дар ин модда гуфта шудааст, “маъракаҳои гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл танҳо дар доираи оила баргузор карда мешаванд."

Аммо қаблан Фарзонаи Хуршед, овозхони маъруфи тоҷик ва ҳамсари Фаридун баргузории гаҳворабандони пурдабдабаи духтарашон Закияро дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт ва, ҳамин тавр, гӯё нақзи қонуни танзимро рад карда буд. Ӯ рӯзи 13 ноябр ба Озодӣ гуфт, "мо 3 нафарро хатнатӯй карда, дар қаторашон Закияро низ гаҳворабандон кардем. Онҷо асосан хатнатӯй буд, на гаҳворабандон."

Закия – фарзанди нахустини Фарзона ва Фаридуни Хуршед тобистони соли ҷорӣ дар таваллудхонаи рақами аввали шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хабари издивоҷи Фарзона ва Фаридун низ маҳз ҳамагӣ чанд моҳ қабл аз таваллуди духтарашон расонаӣ шуд. Онҳо гуфтанд, ки издивоҷашон хеле пештар сурат гирифта ва аммо бидуни сарусадои зиёд сурат гирифтааст.

Фарзонаи Хуршед духтари овозхони шинохта Сурайёи Қосим ва хоҳари Шабнами Сурайёст, ки аз аввали солҳои 2000-ум рӯи саҳна ҳунарнамоӣ мекунад. Фаридуни Хуршед соли 2011 ба рӯи саҳна омад ва худро бештар бо таронаи “Эмануэла” муаррифӣ кард. Ӯ соҳиби як маҷмӯаи таронаҳо бо номи “Азизи ман” буда, ҳамин сол барандаи ҷоизаи Big Apple Music Awards шуд.

XS
SM
MD
LG