Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари кории Отамбоев ба Узбекистон


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон дар доираи як сафари корӣ ба Узбекистон меравад.

Дар ин бора манбаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст. Ба гуфтаи манбаъ, масъалаҳои марбут ба сафар дар ҳоли баррасӣ буда, санаи дақиқи он ҳанӯз маълум нест.

Интизор меравад, Отамбоев қабри Ислом Каримов, президенти нахустини Ӯзбекистонро низ дар Самарқанд зиёрат кунад. Иттилои мазкурро масъулини дастгоҳи президенти Қирғизистон тасдиқ накарданд.

Ёдрас мешавем, ки бар пояи натиҷаи интихоботи 4 декабр сарвазир Шавкат Мирзиёев бо касби 88,61%-и оро президенти нави Узбекистон эълон шуд.

XS
SM
MD
LG