Пайвандҳои дастрасӣ

Мусоҳибони мо дар кӯчаҳои Душанбе мегӯянд, афзоиши парки мошинҳо ба зиндагии мардум низ таъсир мерасонад. Таъсири ҳам мусбат ва ҳам манфӣ.

Танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 29 600 мошин ворид кардаанд. Қариб 8000 мошин бештар аз як соли пеш. Мақомоти Тоҷикистон ба унвони ситоиш аз боло рафтани сатҳи зиндагии мардум пайваста мегӯянд, ки дар 10 соли охир парки мошинҳои кишвар ба 270 000 расид. Ин нишондиҳанда аз ангуштшумор арқоми омории Тоҷикистон аст, ки нисбат ба даврони Шӯравӣ афзоиш доштааст.

Аммо тавре мусоҳибони мо дар кӯчаҳои Душанбе мегӯянд, афзоиши парки мошинҳо ба зиндагии мардум низ таъсир мерасонад. Таъсири ҳам мусбат ва ҳам манфӣ.

Аз як сӯ, зиёд шудани шумораи мошинҳо ва қариб дар ҳар хонавода будани дастикам як мошин имкон медиҳад, ки мардум ба ҷои дилхоҳаш сари вақт бирасад, корашро бе мушкил буд кунад ва дар ҳолатҳои изтирорӣ, тавре дар даврони Шӯравӣ буд, пеши ягон ҳамсояи мошиндораш дигар гардан каҷ накунад.

Аммо аз тарафи дигар, ин ҳама сели мошинҳо ба ҳамон ҷодаҳое рехтаанд, ки аслашон аз ҳамон замони Шӯравист ва гунҷоишашон низ дар ин ду даҳаи охир зиёд тағйир накардааст.

Чунин ҳолат боиси афзоиши “пробка”-ҳо дар кӯчаҳои Душанбе, зиёд шудани ҳолатҳои садама ва боло рафтани мизони хатари ҳаракат дар роҳ барои махсусан қишри пиёдагард мешавад. Мушкили дигар, ки афзоиши шумори мошинҳо ба бор овардааст, тақрибан боқӣ намондани макони паркинг ё тавқиф дар ҳавлиҳои биноҳои бисёрқабатаи пойтахти Тоҷикистон аст.

Дар гузаштаи начандон дур мақомоти шаҳрдории Душанбе ба хотири ҷилавгирӣ аз нороҳатиии сокинон дастуре дода буд, ки таваққуфи мошинҳо дар назди биноҳои истиқоматариро манъ мекард. Аммо дар ҳоле, ки биноҳои сохти Шӯравӣ бидуни таваққуфгоҳҳо бунёд шуда ва низ дар ин солҳои ахир бунёди таваққуфгоҳҳои нақлиёт хеле ба сурати маҳдуд аст, ин дастур пурра иҷро нашуд.

Боз ҳам махсусан шабона майдончаҳои бозии кӯдакон ва роҳравҳо дар байни биноҳои бисёрқабатаи Душанбе саропо пур аст мошинҳо мешавад ва ин ҳолатҳо ҳатто боиси ҷанҷолу ҳатто дастбагиребон шудани ронандагон барои «таваққуфгоҳ» ҳам шудааст. Бар изофа дар ҷодаҳои атрофи бозорҳои Душанбе «тумба» ва ё «пробка» ба як саҳнаи муқарарӣ табдил ёфтааст.

Аз сӯи дигар, афзоиши нақлиёти хусусии сабукрав шумораи таксиҳои хусусиро он қадар зиёд кардааст ва имрӯз ҳатто дар дуртарин гӯшаи кишвар пайдо кардани нақлиёт дигар масъала нест.

Аксари сокинон маҳз бо манзури ҳамин мушкилоти эҷодкардаи афзоиши шумораи нақлиётро таҳаммул мекунанд ва бар инанд, ки афзоиши нақлиёт ба сурати умум ба манфиати кору ҳам ба сӯди онҳост. Тавре як ҳамсӯҳбати мо гуфт, “прогресс прогресс аст дигар.”

Назари мардум дар навори видеои пешкаши шумо мешавад:


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG