Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Телевизиони давлатии Русия як навори видеоиро ба намоиш гузошт, ки ба иддаои муаллифон, дар он саҳнаи занозании як афсари полиси Русия ва як дипломати амрикоӣ дар болои зинапояҳои сафорати ИМА дар Маскав сабт шудааст. Хабарҳо дар бораи ин ҳодиса ҳанӯз дар моҳи июн пайдо шуд. Нашрияи The Washington Post аз қавли дипломатҳои амрикоӣ навишт, ки як коргари сафорати ИМА рӯзи 6 июн аз ҷониби афсари полис мавриди ҳамла қарор гирифт. Мақомоти рус гуфтанд, дипломат, ки ба иддаои онҳо ҷосус будааст, ба ходими полис ҳамла кард.

Навори видеоие, ки шабона сабт шуда дар телевизони НТВ рӯзи 7 июл намоиш дода шуд, зоҳиран аз дурбинҳои наворбардории хиёбони атрофи сафоратхона гирифта шудааст. НТВ дар бораи манбаи ин сабтҳо чизе нагуфт.

Дар навор дида мешуд, ки як таксии зардранг дар наздикии сафоратхона қарор гирифт ва марде аз дохили он ба даромадгоҳи сафоратхона ворид шуд. Баъди тахминан се қадами аввал дари полиси даромадгоҳи сафоратхона боз шуд. Баъди ин ходими полис аз хона берун шуда мардро бо дастонаш боздошт ва ӯро дар чанд қадам то дари сафоратхона ба замин ғалтонид. Дар навори баъдӣ ходими полис дар болои ин мард хобида, ӯро ба замин зер мекард. Мард бо як роҳ дари сафоратро боз карда ба самти даромадгоҳ дар ҳолати рӯи замин хоб буданаш ҳаракат кард.

Ҷон Кирбӣ, сухангӯи департаменти давлатии Амрико гуфт, ки ин ҳодисаро рӯзи 7 июн Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи ИМА бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар як сӯҳбати телефонӣ баррасӣ ва аз ҳодисае, ки бо дипломати дар Русия сабтиномшудаи амрикоӣ гузаштааст, изҳори нигаронӣ кард.

Дар ҳоле, ки Кирбӣ тафсилоти ин ҳодисаро шарҳ надод, танҳо гуфт, ки ИМА аз тарзи бархӯрд бо кормандони сафоратхонаи Амрико дар Русия, ки солҳои охир бо мушкил рӯбарӯ мешаванд, шадидан нигаронӣ кард.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки афсари полис мехост санадҳои ин мардро бисанҷад ва бифаҳмад, ки ин шахс барои сафорат хатар эҷод намекунад, вале дар посух аз ҷониби ин мард ба рӯяш як зарба хӯрдааст. Ин сухангӯ гуфт, ки корманди сафорат як ҷосуси Оҷонсии марказии истихборони Амрико аст ва бо ниқоби як дипломат кор мекард.

ИМА Русияро дар маъракаи озору азияти дипломатҳои Амрико дар Маскав муттаҳам кардааст, дар ҳоле, ки Русия Вашингтонро дар айни чунин муносибат бо дипломатҳои рус дар ИМА айбдор мекунад.

XS
SM
MD
LG