Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлили Наврӯз дар Созмони Милали Муттаҳид


Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид аз ҷашни Наврӯз таҷлил ба амал омад, ки дар он дабири кулли ин созмон Бан Ки Мун ва дипломатҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ширкат доштаанд.

Рӯзи 21-уми март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил ба амал омад.

Дар ин ҷашн дабири кулли Созмон Милали Муттаҳид Бан Ки Мун, мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова ва намояндагони дипломатии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз -- Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ҳинд, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Узбкаистон низ ҳузур доштанд.

Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид зимни табрики ин ҷашн ба ҳама мардуми кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки аксари онҳо оғози баҳорро ба унвони солрӯзи шурӯи соли нав ҷашн мегиранд, аз Наврӯз ба унвони як суннати бостонӣ ёд кард.

Бан Ки Мун изҳор дошт, "биёед бо фароҳам кардани заминаҳои тароват ва шодобии ҳақиқӣ барои тамоми инсонҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, паёми аслии Наврӯзро, ки умед ва тозагии дубора аст, дар саросари ҷаҳон густариш диҳем."

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба буҳронҳои кунунӣ дар саросари ҷаҳонӣ иброз доштааст, ки Наврӯз фурсати бисёр хубе, барои ба ҳам овардани миллатҳо ва бартараф кардани ранҷҳои миллатҳои мазлум ва ситамдида дар саросари ҷаҳон мебошад.

НАВОРИ СУХАНРОНИИ БАН КИ МУН

Ирина Бокова, мудири кулли муассисаи фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид - ЮНЕСКО зимни таҷлил аз ин ҷашни бостонӣ гуфтааст, ки ҷашни Наврӯз бо вуҷуди одоб ва суннатҳои мутафовит дар ҷомеаҳои мухталиф, таҷаллигари ормонҳои муштараки инсонӣ ҳамроҳ бо шодиву сурур аст.

Дар моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО - муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милал Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид ва дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлоси 64-уми худ қарореро ба тасвиб расонид, ки минбаъд 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ Наврӯз таҷлил мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳам Наврӯз баъд аз касби истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми муносиби худро ба даст овард ва аз як ҷашни мардумӣ то ба ҷашни давлатӣ эътироф гардид. Ҳамакнун барои таҷлил аз ин ҷашни суннатӣ дар тақвими Тоҷикистон чаҳор рӯз расман истироҳат эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG